Темур Раҳимов медали биринҷии Antalya Grand Slam 2022-ро ба даст овард

Темур Раҳимов паҳлавони маъруфи тоҷик дар мусобиқоти ҷудои Antalya Grand Slam 2022, ки рӯзҳои 1-3 апрел баргузор шуд, медали биринҷӣ  ва мақоми сеюм ба даст овард. Шаш паҳлавони дигари тоҷик дар ин мусобиқот ноком шуданд. Паҳлавони сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов дар вазни + 100 кг дар ин мусобиқот  пас аз шикаст додани Грегори Приори амрикоӣ ва Магомедумар […]

Темур Раҳимов паҳлавони маъруфи тоҷик дар мусобиқоти ҷудои Antalya Grand Slam 2022, ки рӯзҳои 1-3 апрел баргузор шуд, медали биринҷӣ  ва мақоми сеюм ба даст овард. Шаш паҳлавони дигари тоҷик дар ин мусобиқот ноком шуданд.

Паҳлавони сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов дар вазни + 100 кг дар ин мусобиқот  пас аз шикаст додани Грегори Приори амрикоӣ ва Магомедумар Магомедови доғистонитар, ки Аморати Муттаҳидаи Арабро намояндагӣ мекард дар даври чорякниҳоӣ аз паҳлавони маҷористонӣ Ричард Сипоч дар марҳилаи имтиёзи тиллоӣ бо гирифтани шидои сеюм шикаст хӯрд.

Дар даври шонси муҷаддад ё тасаллобахш паҳлавони тоҷик  бар Ушанги Кокаурии озарӣ пирӯз шуд ва ба рақобатҳои дарёфти медали биринҷӣ роҳ пайдо кард. Дар рақобатҳои дарёфти медали биринҷӣ Темур Раҳимов Ҷозеф Терҳеки фаронсавиро шикаст дод.

Паҳлавони дигари номошнои тоҷик Комроншоҳ Устопириён пас аз шикаст додани Руфат Исмоилови озарӣ ва Дэвис Кламмерти чехӣ ба даври чорякниҳоӣ расид. Аммо дар чорякниҳоӣ аз Лука  Майсурадзеи гурҷӣ шикаст хӯрд ва  дар даври шонси муҷаддад ҳам Луис Крёбер Гагнон – намояндаи Канада шикаст хӯрд.

Паҳлавонони дигари тоҷик дар марҳилаҳои муқаддамотӣ ва даври дувум ба шикаст мувоҷеҳ шуданд.

Ба ҷуз Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов Тоҷикистонро дар ин мусобиқот ҷудокороне чун Меҳрзод Суфиев (-60кг), Абубакр Шеров ва Шаҳзод Саидабуроров (ҳарду дар вазни  -66кг), Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ва  Абубакри Акобир (-100кг) намояндагӣ карда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.