Боздошти раиси ҷамоати Қумсангир дар ноҳияи Ҷайҳун бо гумони гирифтани ришва

Раиси ҷамоати Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун дар вилояти Хатлон бо гумони ришвахорӣ боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ин раиси ҷамоат аз сӯйи кормандони Раёсати Оҷонсии мубориза бо фасод дар Хатлон ҳангоми гирифтани 20 ҳазор сомонӣ ҳамчун ришва дастгир шудааст. Як манбаъи “Азия-Плюс” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин вилоят дастгиршавии раиси ҷамоати Қумсангирро таъйид кард. “Раиси ҷамоати деҳоти Қумсангир, Зоир Таваккалзода бо гумони […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Раиси ҷамоати Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун дар вилояти Хатлон бо гумони ришвахорӣ боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ин раиси ҷамоат аз сӯйи кормандони Раёсати Оҷонсии мубориза бо фасод дар Хатлон ҳангоми гирифтани 20 ҳазор сомонӣ ҳамчун ришва дастгир шудааст.

Як манбаъи “Азия-Плюс” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин вилоят дастгиршавии раиси ҷамоати Қумсангирро таъйид кард.

“Раиси ҷамоати деҳоти Қумсангир, Зоир Таваккалзода бо гумони гирифтани пора дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастгир шуд”,- гуфт манбаъ.

Аммо манбаъ шарҳ надод, ки  Таваккалзода дар кадом шароит ва ҳангоми аз кӣ гирифтани пора дастгир шуда аст, танҳо илова кард, ки доду гирифт вобаста ба замин сурат гирифта аст.

Манбаъи дигар аз суди вилояти Хатлон ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки рӯзи 1-уми апрел Додгоҳи вилояти Хатлон ҳукми ба ҳабси пешакӣ гирифтани Зоир Тавакалзодаро содир кард.

Дар дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷайҳун низ ба "Азия-Плюс" боздошти раиси ҷамоатро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки Зоир Тавакалзода 3 сол боз дар мансаби раиси ҷамоати деҳоти Қумсангир кор мекард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...