Толибон кишт, истеҳсол ва масрафи тарёкро дар сартосари Афғонистон манъ карданд

Ҳукумати Толибон кишт, истеҳсол ва масрафи тарёк ё хашхошро дар сар то сари Афғонистон манъ карданд. Фармони манъи кишти тарёк аз сӯйи Ҳайбатуллоҳ Охунзода, раҳбари ин гурӯҳ содир шудааст, ки ҳукумати Толионро онро рӯзи 3-юми апрел нашр карданд. Дар фармони раҳбари Толибон омадааст, ки "аз ин ба баъд  кишт, тавлид ва хариду фурӯши маводи мухаддир […]

Ҳукумати Толибон кишт, истеҳсол ва масрафи тарёк ё хашхошро дар сар то сари Афғонистон манъ карданд. Фармони манъи кишти тарёк аз сӯйи Ҳайбатуллоҳ Охунзода, раҳбари ин гурӯҳ содир шудааст, ки ҳукумати Толионро онро рӯзи 3-юми апрел нашр карданд.

Дар фармони раҳбари Толибон омадааст, ки "аз ин ба баъд  кишт, тавлид ва хариду фурӯши маводи мухаддир дар Афғонистон мамнуъ аст ва онҳое, ки аз ин фармон сарпечӣ мекунанд бо онҳо бар асоси шариати исломӣ бархурд хоҳад шуд.

Дар ин фармон ҳамчунин гуфта шудааст, ки "аз таърихи содир шудани ин фармон кишти кӯкнор (хашхош) дар тамоми кишвар ба таври комил мамнуъ аст ва ҳеч кас пас аз ин наметавонад барои кишти ин гиёҳ талош кунад".

Дар ҳоле Толибон масрафи маводи мухаддирро дар Афғонистон манъ кардаанд, ки бар асоси омори Вазорати тандурустии Афғонистон дар соли гузашта, пеш аз ба қудрат расидани Толибон шуъмори гирифторони нашъамандӣ (муътодон) дар ин кишвар ба 2,5 миллион нафар мерасад, ки наздик ба 750 ҳазор нафари онҳо занон мебошанд. 

Дар фармони Толибон ҳамчунин омадааст, ки "истеъмоу интиқол, хариду фурӯш, тиҷорат, воридот ва содироту корхонаҳои тавлиди ҳар гуна маводи нашъовар, аз ҷумла шароб, ҳероин, шиша, таблет (таблетка, ҳабҳои равонгардон), чарс (ҳашиш) ва ғайра ба гунаи ҷиддӣ мамнуъ аст".

Абдусалом Ҳанафӣ, муовини раиси вазирони Толибон дар як маросими хосе, ки ин фармонро ҳамагонӣ мекарданд,  аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки дар кишти зироатҳои алтернатив ё ҷойгузини тарёк ба Афғонистон ёрӣ расонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.