Дар рӯзи чоруми даъват. Боздошти як мансабдори Гвардияи миллӣ ҳангоми гирифтани пора

Дар рӯзи чоруми даъвати баҳории имсол, Оҷонсии мубориза бо фасод аз боздошти як мансабдори баландмақоми Гвардияи миллии Тоҷикистон хабар додааст, ки бо талаби 25 ҳазор сомонӣ барои ғайри қобили хидмат донистани даъватшаванда гумонбар мешавад. Ин ниҳод, имрӯз, 4 апрел дар сомонаи расмиаш хабар додааст, ки “муовини командири қисми ҳарбӣ-сардори қисми тибии Шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллии […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар рӯзи чоруми даъвати баҳории имсол, Оҷонсии мубориза бо фасод аз боздошти як мансабдори баландмақоми Гвардияи миллии Тоҷикистон хабар додааст, ки бо талаби 25 ҳазор сомонӣ барои ғайри қобили хидмат донистани даъватшаванда гумонбар мешавад.

Ин ниҳод, имрӯз, 4 апрел дар сомонаи расмиаш хабар додааст, ки “муовини командири қисми ҳарбӣ-сардори қисми тибии Шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Охунов Маҳмади Қурбонович ба боварии шаҳрванд “А” даромада барои ноқобил донистан ба хизмати ҳарбӣ ва бо ҳамин роҳу усул озод намудан аз хизмати харбӣ аз ӯ маблағи 25000 сомонӣ талаб намудааст”.

– Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- тафтишотӣ баъди гирифтани маблағи 23000 сомонӣ аз шаҳрванд “А” дар утоқи ултрасадои бинои тибии Шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллӣ боздошт карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъи ёфта гирифта шуд, – навиштааст Оҷонсӣ.

Гуфта мешавад, ки нисбати Маҳмади Охунов бо моддаҳои 32 қисми 3 (тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят) ва 319 қисми 1 (аз ҷониби шахси мансабдор гирифтани пора) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид.

Боздошти яке аз мансабдорони баландмақоми Гвардияи миллии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳанӯз чор рӯз пеш, 1 апрел дар Тоҷикистон маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ оғоз гардид.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, бо оғози даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон ҳолатҳои бо пора озод намудани даъватшавандаҳо аз хизмати ҳарбӣ бештар мешавад.

Масъалаи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои доғ аст ва ҳамасола дар давраи даъват ба хидмат мавридҳои зиёди ҷалби иҷборӣ ҳам ба назар мерасад, ки дар миёни мардум бо номи "облава" маъруф шудаанд.

Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад. Вале бино ба наворҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ кормандони мақомот дар либоси шаҳрвандӣ ҷавононро аз кӯчаҳо дошта, ба артиш мебаранд.

Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зиннаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд. То ба ҳол беш аз 450 ҷавон бо супоридани пул аз хидмат озод шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.