Муфтӣ: “Ба таври сунъӣ боло бурдани нархҳо суиистифода аз моҳи Рамазон ва гуноҳи азим аст”

Date:

“Ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтаринест, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст”, – иброз доштааст ба АМИТ “Ховар” раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода.

Ба ақидаи Абдуқодирзода, Рамазон на танҳо моҳи имтиҳони неруи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рӯҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст.

“Дар моҳи мубораки Рамазон баъзе нафарон, соҳибкорон ва ё шахсоне, ки бозорнишинанд, ба эҳтикор (дар истилоҳи фиқҳи шаръӣ инро ба таври сунъӣ боло бурдани нарх мегӯянд. – Тавзеҳи  “Ховар”) даст мезананд. Мо камбуди равған, орд, меваҷот надорем, ҳама анборҳо пур аз ин неъматҳост. Ҳоло ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи маводи мавриди ниёзи аввал, бардоштани нархи дигар маҳсулот, умуман суиистифода аз моҳи мубораки Рамазон ё рӯзҳои мубораки ид бисёр гуноҳи азим буда, пайомадҳои нохуш низ дорад”, – таъкид доштааст муфтӣ.

Ба гуфтаи ӯ, нафароне, ки нархро ба таври сунъӣ боло мебардоранд ва аз ин маблағе ба даст меоранд, лек ин маблағ ба онҳо ба ҷуз нигарониву нокомӣ ва парешониву ташвишҳо чизе намедиҳад.

“Аз тамоми бозорнишинон ва онҳое, ки ҳамарӯза дар бозору мағозаҳо фаъолият анҷом медиҳанд, хоҳиш дорам, ки дар моҳи мубораки Рамазон хайру эҳсонро пеша кунанд, нархҳоро на боло, балки ба миқдоре поин фароранд, – гуфтааст раиси Шӯрои уламо. – Зеро ҳеҷ коре бе подош намемонад, агар некӣ бошад, подоши нек ба бор меорад”.

Абдуқодирзода изҳори итминон кардааст, ки на танҳо соҳибкорону тоҷирон, балки ҳар инсони хайрхоҳу ҳимматбаланд дар ин моҳи шариф иқдому аъмоли неку писандидаи худро густариш мебахшад ва бо саховату ҷавонмардӣ намунаи ибрат нишон дода, соҳиби савоби зиёд мегардад.

“Ҳамватанони моро зарур аст дар ин моҳи шариф рафтору ахлоқи нек, аз қабили муомилаи накӯ бо ҳамсоягон, раҳму шафқат ба дардмандон, ғамхориву меҳрубонӣ ба пиронсолон, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват бо дӯстону ҳамкорон, ҷавонмардиву олиҳимматӣ ва қадршиносиро сармашқи кори ҳамарӯзаи зиндагии худ қарор диҳанд”, – илова намудааст Саидмукаррам Абдуқодирзода.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...