Ин бор расмӣ. Владимир Жириновский даргузашт

Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократии Русия, ки бо изҳороти тезутундаш  дар Тоҷикистон маъруф буд, имрӯз 6 апрел дар синни 75-солагӣ дар пайи беморие дар шаҳри Маскав даргузашт. Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия Володин Вячеслав дар телеграм-канали худ хабар додааст. "Владимир Волфович Жириновский пас аз бемории шадид ва тӯлонӣ даргузашт", – навиштааст Володин. Ин […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократии Русия, ки бо изҳороти тезутундаш  дар Тоҷикистон маъруф буд, имрӯз 6 апрел дар синни 75-солагӣ дар пайи беморие дар шаҳри Маскав даргузашт. Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия Володин Вячеслав дар телеграм-канали худ хабар додааст.

"Владимир Волфович Жириновский пас аз бемории шадид ва тӯлонӣ даргузашт", – навиштааст Володин.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 25 март расонаҳо дар бораи марги раҳбари ҲЛДР, ки пас аз мубтало шудан ба коронавирус аз моҳи феврал дар Бемористони марказии клиникӣ бистарӣ буд, иштибоҳан хабар дода буданд.

Владимир Жириновский сиёсатмадорест, ки бо изҳороти пурсарусадояш маъруф аст. Моҳи марти соли равон ӯ эълон дошт, ки раҳбари Русия шуда, соли 2036 сиёсатро тарк мекунад, лекин то он замон Озарбойҷон ва Тоҷикистонро ба ҳайати Русия дохил мекунад.

Моҳи марти соли 2018 ӯ ба нашрияи “Российская газета” изҳор намуда буд, ки “барои интихобот комиссияҳову аъзои онҳо, нозирон ва нашри варақаҳо бо харҷи миллиардҳо маблағ лозим нестанд ва интихобот бояд бо иштироки Шӯрои давлатӣ ва шаҳрвандон бо роҳи овоздиҳӣ тариқи интернет доир гардад. Оянда Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба кишвар ҳамроҳ мешаванд”.

Моҳи апрели соли 2016 Жириновский ба нашрияи “Известия” изҳор намуда буд, ки “ҳалли мушкилоти муҳоҷирон дар Русия осон аст: барои ин на маҳсулоти Юнону Италия ва Исроилу боз дигар кишварҳо, балки маҳсулоти онҳоро харидан даркор аст ва онҳо дигар ба ин кишвар наомада, дар ватани худашон кор мекунанд”.

Изҳороти Жириновский ба нашрияи “Московская правда” моҳи феврали соли 2014: “Ҳеҷ гуна ҷумҳуриҳо дар Осиёи Миёна. Ҳавзаи федералии Осиёи Миёна – шаҳри асосӣ Верний (Содиқ)! Имрӯз номи он бегона аст, Алмаато – шаҳри наздик ба ман аст. Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон… инҳоро фикр карда баровардаанд. Ҳавзаи федералии Осиёи Миёна!”.

Жириновский чанд маротиба ба Тоҷикистон омада буд. Ӯ бори охир моҳи ноябри соли 2018 ба Тоҷикистон омада,  аз шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода боздид намуда, аз меҳмоннавозии тоҷикон ба ҳайрат омада буд. Он замон акси ӯ дар ҳалқаи духтарони тоҷик баҳсҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ хезонда буд.

Владимир Жириновский 25 апрели 1946 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Қазоқистон ба дунё омадааст. Ӯ аз соли 1992 инҷониб раиси Ҳизби либерал-демократии Русия буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.