Оилаи Ҳасан Ёдгоров аз ВКД барои шиканҷа 400 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ талаб доранд

Имрӯз дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баррасии парвандаи оилаи Ҳасан Ёдгоров дар назар аст. Онҳо ба сифати ҷубронпулӣ барои шиканҷа дар мақомоти милитсия аз ВКД Тоҷикистон 400 ҳазор сомонӣ талаб доранд. Гӯиё се корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тариқи шиканҷаву лату кӯб сокини шаҳри Турсунзода Ҳасан Ёдгоровро маҷбур мекунанд, ки ба ҷинояти содирнакарда иқрор […]

Имрӯз дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баррасии парвандаи оилаи Ҳасан Ёдгоров дар назар аст. Онҳо ба сифати ҷубронпулӣ барои шиканҷа дар мақомоти милитсия аз ВКД Тоҷикистон 400 ҳазор сомонӣ талаб доранд. Гӯиё се корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тариқи шиканҷаву лату кӯб сокини шаҳри Турсунзода Ҳасан Ёдгоровро маҷбур мекунанд, ки ба ҷинояти содирнакарда иқрор шавад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” роҳбари Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа вабеҷазоӣ дар Тоҷикистон Гулчеҳра Холматова хабар дод, оилаи Ёдгоров аз ВКД ҷуброни зиёни маънавӣ ва молиро талаб мекунад.

Дар посух ба саволи “Чаро маҳз 400 ҳазор сомонӣ?”, Холматова изҳор намуд, ки “ин маблағро худи оила талаб дорад, зеро бар асари истифодаи шиканҷа дар милитсия вазъи солимии Ҳасан Ёдгоров бад шудааст”.

Ёдгоров моҳи ноябри соли 2017 бо гумони қатли Дмитрий Каримов аз сӯи кормандони ШКД-и шаҳри Турсунзода боздошт шуд. Сабаби боздошт ҳам ин будааст, ки ба телефони мақтул, охирон маротиба Ҳасан Ёдгоров паёмак барои занг задан ё (SOS-сообшения) равон кардааст. Қаҳрамони матлаби мо бо Дмитрий Каримов дар микроноҳияи 2-юми шаҳри Турсунзода зиндагӣ мекарданд ва Ҳасан мегӯяд барои пайдо кардани манзили иҷора ба телефони Каримов паёмак фиристода буд. Ҳасан Ёдгоровро рӯзи 7-уми ноябри соли 2017 боздошт мекунанд ба гуфтаи худаш, он қадар шиканҷааш карданд, ки маҷбур шуд куштори Дмитрий Каримовро ба гардан гирад.

Иқрори Ҳасан дар барномаи телевизионии Вазорати корҳои дохилӣ намоиш дода шуд ва дар он Ёдгоров “ҳолати куштан”-и Дмитрийро Каримовро “нишон медод”. Бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, Ҳасан Ёдгоров бо ин “худиқрорӣ” дар куштор беш аз даҳ сол метавонист зиндонӣ шавад. Агар баъди 6 моҳу 8 рӯз гумонбари асосӣ Леонид Малченков пайдо намешуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон баъди се соли баррасӣ, се корманди пулисро дар шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров гунаҳкор эълон карда, онҳоро аз 10 то 13 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳарчанд се корманди пулис барои шиканҷаи Ҳасан зиндонӣ шуданд, вале сояи он азобҳо дар идораи пулис то ҳол аз болои сари Ёдгоров кам нашудааст. Модараш мегӯяд, Ҳасан баъди он ҳодиса саломатиашро аз даст дод ва то ҳол табобат гирифта истодааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.