“Маршировка”-и 6 ҳазор мактабхону донишҷӯ дар Панҷакент барои сафари президент

Дар шаҳри Панҷакент ҳазорҳо мактабхону донишҷӯйро ба хотири сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин шаҳр, барои омодагӣ ба ҳамоишҳои театришудаи ҳузури раисҷумҳур, ба тамринҳо ё “маршировка” ҷалб кардаанд. Бино ба иттилои як манбаъ, ин хонандагон аз тамоми мактабҳои ҳудуди шаҳр, мактабҳои чанд деҳа ва донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Колеҷи тиббӣ ва Колеҷи […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Панҷакент ҳазорҳо мактабхону донишҷӯйро ба хотири сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин шаҳр, барои омодагӣ ба ҳамоишҳои театришудаи ҳузури раисҷумҳур, ба тамринҳо ё “маршировка” ҷалб кардаанд.

Бино ба иттилои як манбаъ, ин хонандагон аз тамоми мактабҳои ҳудуди шаҳр, мактабҳои чанд деҳа ва донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Колеҷи тиббӣ ва Колеҷи омӯзгории шаҳр  ҳамарӯза аз субҳ то шом ба тамринҳо мераванд.

Манбаи мо мегӯяд, ки дар рӯзҳои, ки ин мактабхонҳо ва донишҷӯён ба маршировка ҷалб шудаанд, тақрибан дар макотиб дарсҳо баргузор намешаванд.

Шоҳида Мукаммалова, мудири шуъбаи маорифи Панҷакент, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ширкати 6 ҳазор мактабхону донишҷӯёро таъйид кард ва гуфт, ки онҳо ҳам дар вақти дарс ва ҳам берун аз дарс ба ин тамринҳо мераванд.

Мудири маориф, гуфт, ки барои ҷалби ин теъдод мактабхону донишҷӯ кадом қарори марбути вазири маориф ва ё мақоми дигари салоҳиятдори соҳа содир нашудааст ва онҳоро танҳ бар асоси мактуби шуъбаи фарҳанги ноҳия сафарбар кардаанд.

Ба гуфтаи манбаи мо, аз саҳар то бегоҳ хиёбони марказӣ ва ҷодаҳои шаҳри Панҷакент пур аз мактабхонҳову донишҷӯён аст, ки то омадани навбаташон дар саҳна (варзишгоҳи марказӣ) ҷо – ҷо "дам" мегиранд.

Муаллимон ҳам ба ин тамринҳо масъул шудаанд.  Ҳатто нақлиёти махсус барои бурдану овардани хонандагон аз деҳот ҷудо шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.