17 варзишгари тоҷик дастгирии молиявии олимпиро дарёфт карданд

Комиссияи Ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ номзадии 17 варзишгари тоҷикро ҷиҳати бархурдор шудан аз дастгирии молиявии олимпӣ – Париж-2024 тасдиқ кард. Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, номзадии варзишгаронро бо пешниҳоди федератсияҳои миллии варзишӣ Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2021 тасдиқ ва пешниҳод намуда буд. “Дар доираи Барномаи “Дастгирии […]

Комиссияи Ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ номзадии 17 варзишгари тоҷикро ҷиҳати бархурдор шудан аз дастгирии молиявии олимпӣ – Париж-2024 тасдиқ кард.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, номзадии варзишгаронро бо пешниҳоди федератсияҳои миллии варзишӣ Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2021 тасдиқ ва пешниҳод намуда буд.

“Дар доираи Барномаи “Дастгирии молиявии олимпӣ – Париж-2024” ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳар моҳ дар ҳаҷми 7500 доллар маблағ ҷудо мегардад. Барнома барои варзишгарон имкон фароҳам меорад, ки барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024 талош кунанд. Он барои тамрин ва иштирок дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ нигаронида шудааст”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, имрӯз, 8 апрел, зимни як ҷаласа дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки дар он ноиби Президенти Кумита Дилшод Назаров, котиби генералии Кумита Абдуллозода Муҳаммадшо, варзишгарон, мураббиён ва намояндагони федератсияҳо ширкат доштанд, моҳияти Барномаи дастгирии молиявии олимпӣ фаҳмонида шуда, бо варзишгарон созишнома ба имзо расид. Маблағи барнома ба варзишгарон дар ҳар давраи чормоҳа пардохт карда мешавад.

Зикр мешавад, ки агар варзишгар дар муҳлати системаи интихобии олимпӣ натавонад роҳхат гирад ё ҳисоботи молиявию техникиро саривақт пешниҳод накунад, пеш аз муҳлат аз дастгирии молиявӣ маҳрум мегардад.

Ба ин тариқ, 17 нафари зерин аз 6 намуди варзиш аз 1 январи соли 2022 то 31 августи соли 2024 аз дастгирии молиявии олимпӣ – Париж-2024 бархурдор мешаванд:

ҶУДО

1. Темур РАҲИМОВ, 800 доллари ИМА

2. Сомон МАҲМАДБЕКОВ, 800 доллари ИМА

3. Беҳрӯз ХОҶАЗОДА, 800 доллари ИМА

4. Ҷаҳонгир МАҶИДОВ, 400 доллари ИМА

5. Шоҳида ҚАЛАНДАРОВА, 250 доллари ИМА

БОКС

6. Баҳодур УСМОНОВ, 800 доллари ИМА

7. Шаббос НЕГМАТУЛЛОЕВ, 800 доллари ИМА

8. Миҷгона САМАДОВА, 250 доллари ИМА

9. Рӯҳафзо ҲАҚНАЗАРОВА, 250 доллари ИМА

10. Нилуфар БОБОЁРОВА, 250 доллари ИМА

ТАЕКВОНДО

11. Муҳаммадҳасан ШОҲМАҲМАДОВ, 300 доллари ИМА

12. Мӯниса ОЙМАТОВА, 250 доллари ИМА

13. Моҳру ҲАЛИМОВА, 250 доллари ИМА

ГУШТИН

14. Фирӯз МИРЗОРАҶАБОВ, 400 доллари ИМА

15. Ватансултон ШАКАРШОЕВА, 250 доллари ИМА

ҚАЙИҚРОНӢ – КАНОЭ

16. Шаҳриёр ДАМИНОВ, 400 доллари ИМА

ШИНОВАРӢ

17. Екатерина БАРДАЧЕВА, 250 доллари ИМА

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.