Хонандаи тоҷик соҳиби 1 млн грант ва роҳхат ба 8 донишгоҳи бонуфузи дунё шуд

Ҳашт донишгоҳи бонуфузи олам ба хонандаи мактабе дар вилояти Суғд таҳсили ройгон пешниҳод кардаанд. Мақомот аз ӯ Алишер Қосимов, хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқати Хуҷанд ном бурда мегӯяд, ӯ соҳиби шоҳҷоиза-гранти омӯзишӣ ба маблағи умумии 1 млн доллари амрикоӣ гардида имкони таҳсил дар яке аз ҳашт донишгоҳҳои бонуфизи Амрико ва Швейтсарияро ба даст […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Ҳашт донишгоҳи бонуфузи олам ба хонандаи мактабе дар вилояти Суғд таҳсили ройгон пешниҳод кардаанд. Мақомот аз ӯ Алишер Қосимов, хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқати Хуҷанд ном бурда мегӯяд, ӯ соҳиби шоҳҷоиза-гранти омӯзишӣ ба маблағи умумии 1 млн доллари амрикоӣ гардида имкони таҳсил дар яке аз ҳашт донишгоҳҳои бонуфизи Амрико ва Швейтсарияро ба даст овард.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба иттилои манбаъ Алишер Қосимов соли ҷорӣ дар чанд озмуни донишгоҳҳои Амрико ва Швейтсария иштирок карда, соҳиби шоҳҷоиза ва роҳхат ба ҳашт донишгоҳро ба даст овардааст.

“Бо ирсоли мактуби расмӣ донишгоҳи Дрейк дар штати Айова, донишгоҳи Эмори ва Хенри дар штати Вирҷиния, донишгоҳи Вирҷинияи Ғарбӣ, донишгоҳи Ла Верна дар штати Калифорния, донишгоҳи Аризона дар штати Аризона, донишгоҳи Гарднер Веб дар штати Каролинаи Шимолӣ, донишгоҳи Невада дар Лас Вегас ва донишгоҳи Франклин дар кишвари Швейтсария омодагии худро барои қабули ин хонандаи тоҷик тариқи буҷҷавӣ эълом кардаанд. Маблағи умумии он беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ хоҳад шуд”. –гуфт, Хадамоти матбуоти раиси Суғд.

Ин донишгоҳҳо ба радифи донишгоҳҳои бонуфузи олам шомил буда ба гуфтаи мақомот панҷ соли омӯзиш дар онҳо аз 80 ҳазор то 170 ҳазор доллар арзиш дорад.

Моҳи декабри соли гузашта низ се хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри  Хуҷанд баъди иштирок ва пирӯзӣ дар олимпиадаи байналмиллалӣ дар кишвари Таиланд соҳиби 220 ҳазор доллари амрикоӣ шуда буданд. Ин гранти омӯзиширо хонандагон Алиҷон Усмонов, Абӯбакр Комилов ва Аслан Насратшоев соҳиб шуданд, ки имкони таҳсил дар Донишгоҳи Амрикои Шимолиро ба руяшон боз кард.

Давоми 8 моҳи ахир хонандагони ин Литсей дар беш аз 13 олимпиадаи фаннии сатҳи ҷаҳонӣ дар кишварҳои Амрико, Туркия, Таиланд, Малайзия, Сингапур, Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса иштирок намуда, 356 медали тилло, нуқра ва биринҷиро соҳиб шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.