Миронов пешниҳод кард, ки ба тоҷикон додани шаҳрвандии Русия манъ шавад

Вакили Думаи давлатӣ ва пешвои ҳизби «Справедливая Россия – За правду» Сергей Миронов аз ҳукумат даъват кардааст, ки додани шаҳрвандии Русия ба сокинони Тоҷикистон муваққатан манъ карда шавад. Дар ин бора дар сомонаи расмии ҳизб хабар дода мешавад. Бо таваҷҷуҳ ба маълумоти омории чанде пеш нашршуда дар бораи шумори шахсони ба шаҳрвандии Русия дар соли […]

Вакили Думаи давлатӣ ва пешвои ҳизби «Справедливая Россия – За правду» Сергей Миронов аз ҳукумат даъват кардааст, ки додани шаҳрвандии Русия ба сокинони Тоҷикистон муваққатан манъ карда шавад. Дар ин бора дар сомонаи расмии ҳизб хабар дода мешавад.

Бо таваҷҷуҳ ба маълумоти омории чанде пеш нашршуда дар бораи шумори шахсони ба шаҳрвандии Русия дар соли 2021 соҳибшуда, ки дар он тоҷикистониён мавқеи дуюмро ишғол мекунанд, ӯ изҳор доштааст, ки дар масоили вуруди муҳоҷирон давлат бояд фавран таъсир расонида тавонад, то ки падидаҳои манфиро дар ин соҳа пешгирӣ кунад.

“Аз нисф зиёди ба шаҳрвандии Русия соҳибшудагон аз Донбасс мебошанд. Ин ҷо ҳамааш фаҳмост. Чизи дигар такондиҳанда аст: 14% ё худ 130 ҳазор “русиягиҳои нав” аз Тоҷикистон омадаанд. Ман мардуми ин кишварро хеле зиёд ҳурмат мекунам, лекин рӯирост мегӯем: акасрияти кулли тоҷикистониёни ба ин ҷо омада аз забону фарҳанг ва расму оинҳои мо хеле кам ё умуман огаҳӣ надоранд, ихтисоси баланд ё ҳатто миёна надоранд. Ба шаҳрвандии моро гирифтан онҳо бевосита манфиатдоранд, барои Русия аз ин чӣ фоида аст?”, – савол додааст сиёсатмадор.

Миронов зикр кардааст, ки маълумоти омории “русшавӣ”-и оммавии сокинони Тоҷикистон ба арзёбии миқёси фасод (коррупсия) дар воҳидҳои бахши муҳоҷирати ВКД имкон медиҳад.

Ба ақидаи ӯ, “ин ҷо сари миллиардҳо маблағ сухан меравад”.

“Ин як майдони ҳақиқии фасодзадагӣ аст, ки шаҳрвандии Русияро муҳр задаву кисаи ришвагиронро пур мекунад. Танҳо онҳо ба идомаи ин таҷрибаи нодуруст манфиатдоранд», – иброз доштааст вакили парлумони Русия.

Ӯ хотиррасон намудааст, ки айни замон дар Думаи давлатӣ лоиҳаи қонун “Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия” мавриди баррасӣ қарор дошта, фраксияи ҳизби «Справедливая Россия – За правду» рӯйи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба он машғули кор аст.

“Ҳолатҳои мушаххасе ҷой доранд, ки давлат ба онҳо бояд фавран вокуниш нишон диҳад. Пешниҳод мекунам, ки масалан, то соли 2023 ба пешниҳоди шаҳрвандии Русия барои сокинони Тоҷикистон моратория ҷорӣ карда шавад. Дар ин давра ҳолатҳои пешинаи додани шаҳрвандии Русия ба шахсони аз ин кишвар омада бояд мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирад. Агар гирифтани шаҳрвандӣ бо қонуншиканиҳо сурат гирифта бошад, онро бекор мекунанд – чунин имкон дар қонуни нав пешбинӣ шудааст. Ва албатта, мансабдоронеро, ки дар ин бесарусомнӣ даст доранд, зиндонӣ мебояд кард”, – илова намудааст Сергей Миронов.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи маълумоти ВКД Русия, соли 2021 шумори рекордии тоҷикистониён – 103 ҳазору 681 нафар шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Агар теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ба соли тақвимӣ тақсим шавад, ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 288 тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.