Мулоқоти гурӯҳҳои топографии Тоҷикистону Қирғизистон. Як протоколи дигар ба имзо расид

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 11 апрел гуфт, ки ин гурӯҳҳо, ки ҳадафашон таъин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар мебошад, рӯзҳои 5 то 10-уми апрел мулоқот карда дар поёни ҷаласа як протокол ҳам имзо карданд. Дар хабар омадааст, ки бар асоси мувофиқаи ҷонибҳо, мулоқоти навбатии гурӯҳҳои ду кишвар дар Қирғизистон баргузор мешавад. Бо таъкид […]

admin

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 11 апрел гуфт, ки ин гурӯҳҳо, ки ҳадафашон таъин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар мебошад, рӯзҳои 5 то 10-уми апрел мулоқот карда дар поёни ҷаласа як протокол ҳам имзо карданд.

Дар хабар омадааст, ки бар асоси мувофиқаи ҷонибҳо, мулоқоти навбатии гурӯҳҳои ду кишвар дар Қирғизистон баргузор мешавад.

Бо таъкид ба ин ки ин мулоқот “дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ” гузаштааст, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тафсилоти дигаре нашр намекунад. Аз ҷумла, гуфта нашуд, ки оё дар ҷараёни мулоқоти мазкур кадом пешравие дар нуқтаҳои баҳсии марзӣ ба даст омадааст ё на.

Моҳи феврали имсол нахуст Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин дар Тоҷикистон ва ҳамзамон роҳбари гуруҳи топографӣ ва баъдан Девони вазирони Қирғизистон гуфтанд, ки дар натиҷаи ҷаласаҳои гуруҳи топографии ду кишвар, ки аз 1-уми майи соли гузашта ҷараён доранд, 81 километр марз муайян шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон – ду ҳамсояи наздик 970 км марзи муштарак доранд ва то ҳол беш аз нисфи ин марз то охир муайян ва аломатгузорӣ нашудааст, даҳҳо километр хати марз дар мақоми баҳсӣ қарор доранд ва ин чиз боиси ҳар сари чанд вақт сар задани низову задухӯрдҳо мешавад. Пурхушунаттарин низоъ 28-уми апрели соли 2021 сар зад, ки се рӯз идома кард ва дар натиҷа, даҳҳо нафарро аз ҳарду тарафи марз куштаву маҷрӯҳ барҷой гузошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.