Нарх дар бозорҳои Душанбе пеш аз Иди Рамазон чӣ гуна аст?

Саховат – яке аз бозорҳои бузурги маҳсулоти хӯрокворӣ имрӯзҳо серодам аст. Сокиноне, ки имкон доранд, аз ҳозир ба харидани гӯшту орд, конфету шириниҳо шурӯъ намуданд. Мегӯянд, ҳарчи тезтар бихарӣ, ҳамон қадр хубтару беҳтар аст. Зеро ба гуфтаи онҳо, бо наздикшавии рӯзи ид ва зиёд шудани талошҳову ташвишҳои мардум тоҷирон нархи маҳсулоташонро боло мебаранд. Ҷӯрахон Валиев, […]

Asia-Plus

Саховат – яке аз бозорҳои бузурги маҳсулоти хӯрокворӣ имрӯзҳо серодам аст. Сокиноне, ки имкон доранд, аз ҳозир ба харидани гӯшту орд, конфету шириниҳо шурӯъ намуданд. Мегӯянд, ҳарчи тезтар бихарӣ, ҳамон қадр хубтару беҳтар аст. Зеро ба гуфтаи онҳо, бо наздикшавии рӯзи ид ва зиёд шудани талошҳову ташвишҳои мардум тоҷирон нархи маҳсулоташонро боло мебаранд.

Ҷӯрахон Валиев, масъули нархҳо дар бозор изҳор мекунад, ки онҳо имрӯз назоратро беҳтар карда, тоҷиронро нахоҳанд гузошт, ки худсарона нархро баланд кунанд.

Дар ярмаракаи берун аз ҳудуди қисмати болопӯши бозор маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия арзонтар фурӯхта мешавад. Дар дохили бозор бошад, қимат, масалан, 1 кило гӯшт 55-63 сомонӣ, халтаи орд – 290-325 сомонӣ, 1 литр равған – 22-25 сомонӣ.

Ҳамасола сокинони кишвар аз болоравии нархҳо дар остонаи идҳо шикоят мекунанд. Мегӯянд, бинобар якбора қиматшавии маҳсулот дастархонаи идонаро мувофиқи табъ ороста наметавонанд. Масъулин ё соҳибкорон сабаби инро ба болоравии қурби доллару камбуди маҳсулот рабт медиҳанд ё аслан болоравии нархро рад мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.