Дабири куллии СММ бо Зеленский масъалаи берун овардани сокинони Мариуполро баррасӣ кард

Интиқоли сокинони осоиштаи Мариупол ба ҷои амн яке аз мавзуъҳои меҳварӣ дар мулоқоти дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерреш ва президенти Укроин Владимир Зеленский буд. Гутерреш рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарие бо раисҷумҳури Укроин дар Киев гуфт, барои берунории сокинон аз корхонаи муҳосирашудаи "Азовстал" аз сӯи низомиёни рус дар Мариупол ҳамаи талошҳоро анҷом хоҳад дод. Вай […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Интиқоли сокинони осоиштаи Мариупол ба ҷои амн яке аз мавзуъҳои меҳварӣ дар мулоқоти дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерреш ва президенти Укроин Владимир Зеленский буд.

Гутерреш рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарие бо раисҷумҳури Укроин дар Киев гуфт, барои берунории сокинон аз корхонаи муҳосирашудаи "Азовстал" аз сӯи низомиёни рус дар Мариупол ҳамаи талошҳоро анҷом хоҳад дод.

Вай ҳамчунин гуфт, раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар мулоқот бо ӯ ваъда додааст, ки намояндагони СММ ва Салиби сурх дар ҷараёни берунории сокинон иштирок хоҳанд кард.

Бино ба хабарҳо, масъулони СММ барои ташкили берунории сокинони Укроин ҳам дар шаҳри Москва ва ҳам дар шаҳри Киев гуфтугӯ мекунанд.

Гутерреш рӯзи 27-уми апрел, баъди мулоқот бо раисҷумҳури Русия, ба Киев рафт. Вай пеш аз мулоқот бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин, дар Твиттер навишт: "Мо ба расондани ёриҳои башардӯстона ва берун овардани ғайринизомиён аз минтақаҳои даргирӣ идома хоҳем дод".

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.