Cокинони мавзеъҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳамроҳ ифтор ташкил карданд

Гурӯҳе аз сокинони мавзеъҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳамроҳ ифтор барпо карданд, ки дар он фаъолону шахсони калонсол иштирок карданд, хабар медиҳад Сentralasian.org. Шоми 27 апрел дар ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобҷон Ғафуров ифтори муштарак барпо шуд. Дар он беш аз 50 намояндаи ноҳияҳои марзии Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон ҳузур доштанд. Дилором Турсунзода, муовини раиси […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Гурӯҳе аз сокинони мавзеъҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳамроҳ ифтор барпо карданд, ки дар он фаъолону шахсони калонсол иштирок карданд, хабар медиҳад Сentralasian.org.

Шоми 27 апрел дар ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобҷон Ғафуров ифтори муштарак барпо шуд. Дар он беш аз 50 намояндаи ноҳияҳои марзии Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон ҳузур доштанд.

Дилором Турсунзода, муовини раиси ноҳия, 28-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтааст, нишаст бо даъвати ҷониби Тоҷикистон ва бо ҳадафи “таҳкими дӯстӣ ва равобити хуби ҳамсоядорӣ” сурат гирифт. Дар он раисони ноҳия ва низомиёну масъулони ҷамоатҳо низ иштирок кардаанд.

Гуфта мешавад, шоми 26-уми апрел ҳам дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара бо иштироки тақрибан 100 сокини ноҳияи Бодканду Исфара “ифтор” ташкил шудааст.

Муҳаммадҷон Муҳиддинзода, муовини раиси шаҳри Исфара, изҳор доштааст, ки “дастархон бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ва пешниҳоди шахсони рӯзгордидаи деҳаҳои марзӣ ороста шуд.

Дар ин нишаст чанде аз раисони ҷамоатҳои Бодканд ва мӯйсафедону фаъолони қирғиз ҳузур доштанд. Қарор аст, қирғизҳо низ ҷониби Тоҷикистонро ба минтақаи худ даъват кунанд”.

Ин вохӯрии дӯстона пас аз тирпарронии навбатии рӯзи 12 апрели соли равон байни сарҳадбонони кишварҳо баргузор шуданд. Дар ин тирпаронӣ марзбони 27-солаи тоҷик Зоир Саидумаров кушта шуда, чанде захмӣ шуданд. Чанд ҳафта пештар то муноқиша каме дуртар аз ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳузури намояндагони деҳоти наздимарзии Қирғизистон иқдоми навбатии “оши дӯстӣ” доир гардида буд.

Мақомот бар ин назаранд, ки чунин вохӯриҳо ба пешгирии муноқишаҳои нав дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ мусоидат мекунанд. Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинон мансабдоронро интиқод мекунанд, ки ба ҷойи ҳаллу фасли баҳсҳои марзӣ ба ташкиои “оши дӯстӣ” машғуланд, ки иштирокчиён онро баъди чанде фаромӯш мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.