Қисме аз мухолифоне, ки дар Арманистон роҳро баста буданд, боздошт шудаанд

Дар шаҳри Еревани Арманистон субҳи 2 май эътирози нофармонӣ ташкил шуда, эътирозгарон даҳҳо роҳи мошингарди он шаҳрро бастанд. Пулис талош дорад, ки роҳҳоро боз кунад. Ба навиштаи расонаҳо, пулис бештар аз 125 касро боздошт кардааст. Расонаҳо менависанд, эътирозгарон бо истифода аз қуттиҳои партов роҳҳоро мебанданд. Ишхан Сагателян, ноиб-раиси порлумони Арманистон дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки […]

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Дар шаҳри Еревани Арманистон субҳи 2 май эътирози нофармонӣ ташкил шуда, эътирозгарон даҳҳо роҳи мошингарди он шаҳрро бастанд. Пулис талош дорад, ки роҳҳоро боз кунад. Ба навиштаи расонаҳо, пулис бештар аз 125 касро боздошт кардааст.

Расонаҳо менависанд, эътирозгарон бо истифода аз қуттиҳои партов роҳҳоро мебанданд.

Ишхан Сагателян, ноиб-раиси порлумони Арманистон дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки шаб дар Ереван нисбатан ором пушти сар шуд, рӯёрӯӣ бо пулис сурат нагирифт, зеро дар шаҳр борон меборид. Аммо мухолифон дар майдони Фаронса шабро рӯз карданд.

Эътирозҳои мухолифон дар Арманистон ду ҳафта пеш баъди он шуруъ шуданд, ки сарвазир Никол Пашинян гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Арманистон интизор дорад, ки дар робита ба мавқеи Қарабоғи Куҳӣ ақибнишинӣ кунад.

Ба бовари мухолифони Арманистон, ҳукумати Пашинян тасмим дорад, дар масъалаи Қарабоғи Куҳӣ ба Озарбойҷон гузашт кунад. Ба ҳамин сабаб, мухолифин истеъфои Пашинянро талаб доранд.

Намояндагони ҳукумат талаби истеъфои Пашинянро рад мекунанд. Ба бовари ҳукумат, ин талаб аз сӯи аксарияти сокинон ҷонибдорӣ намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.