Дар Душанбе омӯзиши санъати тасвирии хоси абрисозӣ дар ҷараён аст

Date:

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон давраи омӯзишии хосе дар ҷараён аст. Усули тасвирии нодирро, ки бо номи Абрисозӣ машҳур аст, ба ҳавасмандон муаллимаи варзидае аз Туркия меомӯзонад. Тренинг аз 16-уми май шурӯъ шудааст ва алакай аз натиҷаҳои чашмрас қисса мекунанд.

“Ман як чизро ҷиддӣ мегӯям, ман дар Аврупо, Амрико ва кишварҳои арабӣ будам ва ин санъатро ба намоиш гузоштам, аммо чун донишҷӯёни тоҷик ҳушмандро вонахӯрдам. Як чизро мефаҳмонӣ, зуд меомӯзанд  ва дарҳол таркор мекунанд”, – мегӯяд мураббии санъати абрисозӣ аз Туркия Нуран Онер.

МЕДИА (YOUTUBE)

Абрисозӣ усули махсуси тасвирист. Болои об бо ранги махсус муаллиф тасвире мекунад. Ва пас онро ба рӯйи дигар ашё мегузаронанд – чӯб, оҳан, санг, чарм, ва маъмулан коғаз. Ҳамаи тасвирҳо маънои амиқи фалсафӣ доранд. Назарҳо дар мавриди ватани санъати абрисозӣ гуногунанд. Вале хонум Онер мегӯяд, ин санъат дар асрҳои миёна аз Бухоро ба Ирон ва аз он ҷо ба Туркия рафтааст ва туркҳо онро ба дигар кишварҳои дунё паҳн кардаанд. Абрисозӣ ба маънои тасвир “дар рӯи об” ва ё “коғази абру бод” фаҳмида мешавад.

Манижа Ҳакимзода қаблан дар мавриди ин санъат ҳеч тасаввуроте надошт, аммо тӯли чор рӯз аз ин санъати анъанавӣ хушаш омад ва дар оянда мехоҳад худро дар ин ришта низ озмоиш кунад.

“Ҳангоми машғул будан бо ин – асаб ором мешавад, фикр поку тоза мешавад. Бояд ҳама чизро оҳиста, фикр карда, бо як фантазия идеяи дар зеҳн бударо изҳор кунем”, – мегӯяд иштирокчии тренинг Манижа Ҳакимзода.

Ин дарси омӯзиширо Оҷонсии оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Туркия – ТИКА – барои тақвияти ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Туркия роҳандозӣ кардааст. Тренинг то 26 май идома хоҳад кард. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...