Дар Душанбе омӯзиши санъати тасвирии хоси абрисозӣ дар ҷараён аст

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон давраи омӯзишии хосе дар ҷараён аст. Усули тасвирии нодирро, ки бо номи Абрисозӣ машҳур аст, ба ҳавасмандон муаллимаи варзидае аз Туркия меомӯзонад. Тренинг аз 16-уми май шурӯъ шудааст ва алакай аз натиҷаҳои чашмрас қисса мекунанд. “Ман як чизро ҷиддӣ мегӯям, ман дар Аврупо, Амрико ва кишварҳои арабӣ будам ва ин […]

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон давраи омӯзишии хосе дар ҷараён аст. Усули тасвирии нодирро, ки бо номи Абрисозӣ машҳур аст, ба ҳавасмандон муаллимаи варзидае аз Туркия меомӯзонад. Тренинг аз 16-уми май шурӯъ шудааст ва алакай аз натиҷаҳои чашмрас қисса мекунанд.

“Ман як чизро ҷиддӣ мегӯям, ман дар Аврупо, Амрико ва кишварҳои арабӣ будам ва ин санъатро ба намоиш гузоштам, аммо чун донишҷӯёни тоҷик ҳушмандро вонахӯрдам. Як чизро мефаҳмонӣ, зуд меомӯзанд  ва дарҳол таркор мекунанд”, – мегӯяд мураббии санъати абрисозӣ аз Туркия Нуран Онер.

Абрисозӣ усули махсуси тасвирист. Болои об бо ранги махсус муаллиф тасвире мекунад. Ва пас онро ба рӯйи дигар ашё мегузаронанд – чӯб, оҳан, санг, чарм, ва маъмулан коғаз. Ҳамаи тасвирҳо маънои амиқи фалсафӣ доранд. Назарҳо дар мавриди ватани санъати абрисозӣ гуногунанд. Вале хонум Онер мегӯяд, ин санъат дар асрҳои миёна аз Бухоро ба Ирон ва аз он ҷо ба Туркия рафтааст ва туркҳо онро ба дигар кишварҳои дунё паҳн кардаанд. Абрисозӣ ба маънои тасвир “дар рӯи об” ва ё “коғази абру бод” фаҳмида мешавад.

Манижа Ҳакимзода қаблан дар мавриди ин санъат ҳеч тасаввуроте надошт, аммо тӯли чор рӯз аз ин санъати анъанавӣ хушаш омад ва дар оянда мехоҳад худро дар ин ришта низ озмоиш кунад.

“Ҳангоми машғул будан бо ин – асаб ором мешавад, фикр поку тоза мешавад. Бояд ҳама чизро оҳиста, фикр карда, бо як фантазия идеяи дар зеҳн бударо изҳор кунем”, – мегӯяд иштирокчии тренинг Манижа Ҳакимзода.

Ин дарси омӯзиширо Оҷонсии оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Туркия – ТИКА – барои тақвияти ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Туркия роҳандозӣ кардааст. Тренинг то 26 май идома хоҳад кард. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.