Як шаҳрванди Чинро барои ҳалокати як сокини ноҳияи Айнӣ як сол ҷазо доданду шартан озод карданд

Date:

Додгоҳи  нохияи Айнии вилояти Суғд, якшаҳрванд Чин, сардори қитъаи техникаи бехатарии ҶДММ “Куҳҳои тиллои Тоҷикистону Хитой”-ро барои  риоя накардани қоидаҳои бехатарии корҳои кӯҳӣ ва ба ҳалокат расидан як корманди коргоҳ як сол ҷазо дода, вале шартан аз адои ҷазо озод кардааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 13 майи 2022  шаҳрванди Чин Гав Ан Фу, бар асоси қисми 2-и моддаи 190 КҶ Чумхурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои ба муҳлати 1 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сукунат таъин карда шуда, аммо бар асоси моддаи 71-и КҶ шартан татбиқ накардани ҷазо ба муҳлати 1 сол муҳлати санҷишӣ мукаррар карда шудааст. 

Аз шаҳрванди ҳалокушади Тоҷикистог Ҷамшед Ҳасанови 38-сола ном бурда мешавад, ки сокини деҳаи Марзичи ноҳияи Айнӣ будааст ва дар ин коргоҳ ба сифати нақбкан кор мекардааст.

Ӯ 8 апрел ҳангоми насб намудани қубурҳои обгузару ҳаводиҳанда дар қитъаи зеризаминии №5-и кони Работ (уфуқи 1733) зери ҷинсҳои кӯҳии ғалтида аз шифти нақд монда, аз гармии ҷинсҳои кӯҳӣ дар ҷои ҳодиса сӯхта, ба ҳалокат расидааст.

Мувофиқи хулосаи комиссияи тафтиши ҳодисаи нохуши ҳолати марговари Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон аз 14.04.2022, сардори қитъаи техникаи бехатарии корхонаи “Кӯҳҳои тиллои Тоҷикистону Хитой” Гав Ан Фуро муҷрим дониста мешавад, ки кормандони нақбкан дар нақби ҳарораташ баланд дастури корӣ додааст.

Баъди ин ҳодиса, Додситонии ноҳияи Айнӣ алайҳи Гав Ан Фу, бар асоси моддаи 190 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...