Зарари боронгариҳо дар Душанбе: обу селоба ба ҳавливу роҳраву таҳхона даромадааст

Дар пайи боронгариҳои шадиди рӯзҳои 21-22 май ба бархе кӯча, ҳавливу роҳрав ва таҳхонаи манзилҳои сокинони Душанбе зери об монда, ба роҳҳои автомобилгард баромадани об ҳаракати нақлиётро мушкил кардааст. Дар ин бора КҲФ Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ, бо такя ба раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе навиштааст, ки “бар асари боронҳои шадид ва резиши жола об ба як […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар пайи боронгариҳои шадиди рӯзҳои 21-22 май ба бархе кӯча, ҳавливу роҳрав ва таҳхонаи манзилҳои сокинони Душанбе зери об монда, ба роҳҳои автомобилгард баромадани об ҳаракати нақлиётро мушкил кардааст. Дар ин бора КҲФ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ, бо такя ба раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе навиштааст, ки “бар асари боронҳои шадид ва резиши жола об ба як қатор ҳавливу роҳрав ва таҳхонаҳои манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони ноҳияи Фирдавсӣ  ворид шудааст”.

Ин ниҳод, аз ҷумла, аз кўчаҳои Крупская – 2,  Фирдавсӣ (бинои 61) Сомон (хонаҳои № 370,  371 ва 369) ном бурдааст, ки оби борон ба таҳхонаи сокинон ворид шуда, зарар расондааст.

КҲФ гуфтааст, ки бо даъвати сокинон ҳолатҳои фавқулодаи баамаломада, пурра бартараф  гардидандаст.

Ин ниҳод ҳамчунин гуфтааст, ки дар натиҷаи  бориши зиёди борон сатҳи оби канали Чоряккорон ва ҷӯйборҳои шафати роҳ баланд гардида, оби онҳо ба роҳҳои автомобилгард ва зери Эстокада (маҳаллаи 82) ворид гардида, ба ҳаракати мошинҳо монеъ шудаанд.

КҲФ аз ҷумла, аз баланд шудани сатҳи оби канали Чоряккорон ва ҷуйборҳои бетонии шафати роҳҳои автомобилгард дар кўчаи Н.Махсум ёдовар гардидааст, ки дар натиҷа, “об аз канал берун шуда, дар рўбарўӣ Мактаби байналмилалии президентӣ (канори кўчаи Калелин) ба роҳи автомобилгард ҷорӣ шуда, инчунин, дар кўчаи Н.Махсум ҷуйборҳои бетонии шафати роҳҳои автомобилгард лабрез шуда, обҳои онҳо ба зери Эстокадаи маҳалли 82 ворид гардида, ба равуои мошинҳо монеъ шуд”. 

Ин ниҳод гуфтааст, ки ҳолатҳои баамаломада аз ҷониби Раёсати истифодабарии роҳҳои ҳукумати ноҳияи Сино бартараф карда шуданд.

– Ҳамзамон дар пайи аз об лабрез шудани ҷӯйборҳо дар кӯчаҳои Турсунзода, Шоҳтемур, Назаров, Карамов, Меҳнат, хиёбони Рӯдакӣ, Шевченко ва Раҳимов хабар расид, ки паёмадҳои он бартараф карда шуд, – менависад ин ниҳод.

КҲФ мегӯяд, дар боронҳои шадид ва селҳои парешону жола талафоти ҷониву хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.

Хисороти боришоти ду рӯзи охир дар Душанбе дар ҳолест, ки дар вилояти Суғд низ бар пайи боришоти бошиддати борони рӯзи якшанбеи 22-уми май даҳҳо километр роҳҳо вайрон шудааст. Инчунин дар ин рӯз дар қаторкӯҳи водии Зарафшон ва ноҳияи Шаҳристон барф борида, ба боғу киштзорҳо зарар расонидааст. Мақомот мегӯяд, ҳоло коммиссияи вижаи бартарафcозии офати табиӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, хисороти расидаро ҳисоб карда истодаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.