Мирзохуҷа Аҳмадов: “гуфтании зиёд дорам, аммо иҷоза надорам дар мавзуъҳои сиёсӣ гап занам”

Мирзохуҷа Аҳмадов, яке аз фармондеҳони собиқи мухолифин ва сардори собиқи Раёсати ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар минтақаи Рашт гуфтааст, ки барояш суҳбат дар мавзуъҳои сиёсӣ манъ шудааст.   Ӯ дар як суҳбат бо хабарнигори нашрияи "СССР" иддао кардааст, ки гуфтаниҳои зиёде дорад, вале ба ӯ гуфтанд, “набояд суҳбати сиёсӣ кунад”. Хабарнигорони ҳафтаномаи “СССР” (№22, панҷшанбе 2 июни […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Мирзохуҷа Аҳмадов, яке аз фармондеҳони собиқи мухолифин ва сардори собиқи Раёсати ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар минтақаи Рашт гуфтааст, ки барояш суҳбат дар мавзуъҳои сиёсӣ манъ шудааст. 

 Ӯ дар як суҳбат бо хабарнигори нашрияи "СССР" иддао кардааст, ки гуфтаниҳои зиёде дорад, вале ба ӯ гуфтанд, “набояд суҳбати сиёсӣ кунад”.

Хабарнигорони ҳафтаномаи “СССР” (№22, панҷшанбе 2 июни соли 2022) аз ин фармондеҳи собиқи мухолифин дар минтақаи Рашт хостанд, дар бораи воқеоти охири ВМКБ, ҷавонони имрӯза ва хатари “Толибон” назар диҳад, аммо ӯ гуфтааст, ки  “суҳбати сиёсӣ намекунад, зеро барои ин иҷозат надорад”.

Дар ҳамин ҳол Аҳмадов аз ҳеҷ кадом мақомоти қудратӣ, ки монеаи суҳбати ӯ бо хабарнигорон дар мавзӯи сиёсӣ шудаанд, ном набурдааст.

Номбурда ҳатто ба хабарнигорон иҷозат надодааст, ки суҳбаташ дар робита ба зиндагии имрӯза ва корҳои деҳқониашро сабт кунанд.

– Гуфтаниҳои зиёд дорам, ҳатман сари фурсат хоҳам гуфт, зеро ҳамаи он барои сулҳу суботи Тоҷикистони азиз ва фарзандони имрӯзи ӯянд, вале чӣ илоҷ, ки набояд суҳбати сиёсӣ кунам. Ҳар вақте ноамнӣ мешавад, маро ёд мекунанд, дигар вақт фаромӯшам,- чунин гилоя кардааст Мирзохуҷа Аҳмадов.

Ҳафтанома менависад, ки Мирзохуҷа дар зодгоҳаш ба боғдориву кишту кори деҳқонӣ машғул аст ва даврони нафақахӯрӣ меронад.

– 50 сотих замини наздиҳавлигӣ дорам, сар аз пиёзу картошка, помидору бидиринг, то кабудӣ, қаламфури булғорӣ мекорам. Соли гузашта 12 ҳазор сомонӣ танҳо аз фурӯши ҳосили дарахтонам ба даст омад, ба зиндагӣ ва рӯзгорам мерасад, мушкиле надорам, аз давраи нафақахӯрӣ хуб истифода мебарам,- гуфтааст Аҳмадов дар бораи кори деҳқониаш.

Ин ҳафтанома аз қавли ронандае, ки онҳоро ба хонаи Мирзохӯҷа ба минтақаи Рашт бурдааст, навиштааст, ки “Аҳмадов вақте даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара сар мезанад, дӯстони худашро ҷамъ карда, дарҳол худро ба Исфара мерасонад ва дар паҳлӯи Шоҳ Исканадар ҷой мегирад”.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Мирзохӯҷа Аҳмадов фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт буда, пас аз расидан ба сулҳу созиш ба низоми ВКД ба кор қабул шуд. Моҳи феврали соли 2008 бар асари даргирӣ бо тобеъони ӯ дар Рашт фармондеҳи дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД полковник Олег Захарченко кушта шуд.

Соли 2010 ҳукуматдорон Аҳмадовро ба ҳамкорӣ бо Мулло Абдулло ва ҳамлаи мусаллаҳона дар моҳи сентябр ба қатори автомашинаҳои Вазорати мудофиа дар Рашт, ки бар асари он афсарону сарбозон ба ҳалокат расиданд, айбдор намуданд.

Он замон ҳукуматдорон ҷитҳати ҳабси Аҳмадов кӯшиш ба харҷ дода, манзили ӯ дар деҳаи Белгии ноҳияи Рашт пас аз мавриди типарронӣ қарор гирифтан қисман хароб гардид. Сипас Аҳмадов ва наздикони ӯ, ба ҳукуматдорон дар нобуд сохтани гурӯҳҳои ҷиноятпешаи Алӣ Бедакӣ ва Мулло Абдулло кӯмаку мусоидат карданд.

Моҳи сентябри соли 2013 собиқ фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт, собиқ раҳбари Шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон дар водии Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов дар яке аз Раёсатҳои Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба сифати мутахассиси ғайринизомӣ ба кор қабул шуд. Ба Аҳмадов рутбаи ҳарбӣ дода нашуд, зеро ӯ мутахассиси низомӣ набуда, ҳамчун шаҳрванди мулкӣ ба кор қабул шуд.

Охири моҳи сентябри соли 2013 зимни сафари корӣ ба водии Рашт президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Мирзохӯҷа Аҳмадов, ки он замони аллакай ба корҳои хоҷагии худ машғул буд, мулоқот кард.

Ҳамин тариқ, ӯ соли 2015 дар як суханрониаш тариқи телевизиони “Шабакаи аввал” (Телевизиони Тоҷикистон) аз мардум даъват кард, ки ба ҷонибдорӣ аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад, райъ диҳанд ва илова кард, ки даъваташ самимона аст ва касе инро аз ӯ дархост накарда, гузашта аз ин, маҷбур ҳам накардааст..

Ӯ ҳамчунин, дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» гуфт, ки ҳеҷ гоҳ узви ягон ҳизбе, аз ҷумла Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом набуд ва ҳамеша мухолифи ба сиёсат гаравидани дин, аз ҷумла дини ислом аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.