“Сомон Эйр” барои ба ҳаҷ бурдани зойирин 23 парвоз анҷом медиҳад

Барои ба ҳаҷ бурдани зойирин аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ ширкати ҳавопаймоии ватании “Сомон Эйр” иҷрои 23 парвозро ба нақша гирифтаааст, хабар доданд аз хадамоти матбуоти ширкати мазкур. Иҷрои парвози аввалин рӯзи 20 июн дар назар аст. Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан зикр гардида буд, гуруҳи аввалини зойирини тоҷик рӯзи 20 июн ба макони муқаддаси […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Барои ба ҳаҷ бурдани зойирин аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ ширкати ҳавопаймоии ватании “Сомон Эйр” иҷрои 23 парвозро ба нақша гирифтаааст, хабар доданд аз хадамоти матбуоти ширкати мазкур.

Иҷрои парвози аввалин рӯзи 20 июн дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан зикр гардида буд, гуруҳи аввалини зойирини тоҷик рӯзи 20 июн ба макони муқаддаси ислом раҳсипор шуда, бозгашташон аз адои маросими ҳаҷ рӯзи 17 июл пешбинӣ шудааст.

Дар соли 2022 арзиши адои маросими ҳаҷ барои шарвандони Тоҷикистон 61 ҳазор сомонӣ (5 ҳазору 350 доллар) муқаррар шудааст, ки 25 ҳазор сомонӣ зиёдтар нисбат ба соли 2019 аст. Он замон нархи адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён ба 35 ҳазор сомонӣ (2 ҳазору 750 доллар тибқи қурби ҳамонвақта) баробар буд.

Қобили зикр аст, ки аз Тоҷикистон сокинони синни аз 40 то 65-сола ба маросими ҳаҷ фиристода мешаванд.

Мувофиқи маълумоти хабаргузории Саудӣ бо истинод ба Вазорати ҳаҷ ва умра, имсол адои маросими ҳаҷ ба шахсони то 65-солаи аз коронавирус эмгирифта иҷоза дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар солҳои 2020 ва 2021 бо қарори ҳукумати Арабистони Саудӣ дар адои маросими ҳаҷ маҳдудиятҳои ҷорӣ шуда, сафар ба ҳаҷ ғайриимкон гардида буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.