Табиби нурбахши чашмон Мазабшоев дунёро тарк кард.

Имрӯз дар Душанбе табиб – офтальмолог, аълочии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент Аслишо Мазабшоев дар синни 88-солагӣ аз дунё даргузашт. Ҷасади Мазабшоев дар зодгоҳаш – деҳаи Шитами ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба хок супурда мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» яке аз ҳамкорони ӯ дар беморхонаи «Шифобахш» иттилоъ дод, Мазабшоев тӯли як соли ахир бинобар захмӣ шудани пояш […]

Asia-Plus

Имрӯз дар Душанбе табиб – офтальмолог, аълочии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент Аслишо Мазабшоев дар синни 88-солагӣ аз дунё даргузашт.

Ҷасади Мазабшоев дар зодгоҳаш – деҳаи Шитами ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба хок супурда мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» яке аз ҳамкорони ӯ дар беморхонаи «Шифобахш» иттилоъ дод, Мазабшоев тӯли як соли ахир бинобар захмӣ шудани пояш кор намекард ва дар хона қарор доштааст. 

«Ҷасади устод дар зодгоҳаш дафн карда мешавад. Устод тӯли ҳаёту фаъолияти пурсамари худ шогирдоне зиёде тарбия намудааст. Хеле афсӯс, ки имрӯз боз як табиби беҳтарини тоҷик дунёро падруд гуфт. Ҳамеша ёди устод дар қалбҳои мо хоҳад буд», – изҳор намуд номбурда.

Аслишо Мазабшоев 1 майи соли 1934 дар деҳаи Шитами ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби ҳафтсолаи деҳа барои таҳсили минбаъда солҳои 1952-1955 дар мактаб-интернати деҳаи Дебастаи ноҳияи Шуғнон таҳсил кардааст.

Соли 1955 ба факултети тиббии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 1961 донишгоҳро бомуваффакият хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ якуним сол ба ҳайси духтури чашми беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ кор карда, солҳои 1961-1963 сардухтури беморхонаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ буд. То охири умр Мазабшоев дар кафедраи офтомология  ДДТТ ва беморхонаи «Шифобахш» фаъолият намудааст.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.