КҲФ аз боришоти шадид ва эҳтимоли сел дар минтақаҳо огоҳ мекунад

Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки шабонарӯзи  наздик бар асари боришоти шадид дар маҳалҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии ҷумҳурӣ бо истисно аз шарқи ВМК сар задани зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, илова бар ин, ба далели баланд шудани дамои ҳаво хатари болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, резиши […]

Asia-Plus

Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки шабонарӯзи  наздик бар асари боришоти шадид дар маҳалҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии ҷумҳурӣ бо истисно аз шарқи ВМК сар задани зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, илова бар ин, ба далели баланд шудани дамои ҳаво хатари болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, резиши сангу лағзиши тарма вуҷуд дорад. Раъду барқ ҳам метавонад як хатари дигар барои аҳолӣ бошад.

Дар ин робита Кумита бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки ҳангоми истироҳат дар соҳили кӯлу дарёву обанборҳо эҳтиёт кунанд. Ронандагон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

“Дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошед, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор низ наравед”, – хоҳиш мешавад аз аҳолӣ.

Ҳамчунин аз аҳолӣ дархост мешавад, ки қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон дигар накунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.