“Симои дигари муҳоҷират”: дарҳои баста, пирони танҳо, норасоии духтурону муаллимон…

Бархурдҳо ба муҳоҷирати шаҳрвандон аз Тоҷикистон гуногун аст. Аксаран аз он раванди ҷаҳонӣ ном мебаранд ва аз муҳимияти пули муҳоҷирон ба иқтисодиёти кишвар мегӯянд. Аммо дар бисёр  маврид паҳлуҳои дигари муҳоҷирати меҳнатӣ сарфи назар карда мешавад. Мо кӯшиш кардем дар ин филм соярушанҳои дигари муҳоҷиратро нишон диҳем. Филм таъсири манфии муҳоҷирати меҳнатиро ба рушди иқтисодиву иҷтимоии […]

Афзал Босолиев, махсус барои "Азия-Плюс"

Бархурдҳо ба муҳоҷирати шаҳрвандон аз Тоҷикистон гуногун аст. Аксаран аз он раванди ҷаҳонӣ ном мебаранд ва аз муҳимияти пули муҳоҷирон ба иқтисодиёти кишвар мегӯянд. Аммо дар бисёр  маврид паҳлуҳои дигари муҳоҷирати меҳнатӣ сарфи назар карда мешавад. Мо кӯшиш кардем дар ин филм соярушанҳои дигари муҳоҷиратро нишон диҳем.

Филм таъсири манфии муҳоҷирати меҳнатиро ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар инъикос карда, ҳамзамон дар бораи вазъи имрӯзаи зиндагии оилаи муҳоҷирон ва сокинони бархе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маълумот медиҳад. 

 

Ҷомеашинос Ислом Раҳимов аз ин ҳолат изҳори нигаронӣ намуда мегӯяд, ки ин раванд ба иқтисодиёти миллии мо хавф ҳам дорад:

“Пештар падидаи бо оила рафтан ба Русия набуд, имрӯз мебинем, аксари муҳоҷирон бо аҳли оилаашон ба Русия мераванд. Акнун ин муҳоҷирон ба Тоҷикистон маблағи камтар мефиристанд, чун онҳо кӯшиш мекунад хона харанд, кӯдаконашонро ба мактабу донишгоҳ фаро гиранд ва дар умум зиндагиашонро дар он ҷо пег баранд. Падидаи дигари хатарнокаш шаҳрвандии Русияро гирифтани аксари муҳоҷирон аст”.

Ба андешаи коршинос Неъматулло Мирсаидов дар баробари муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарчӣ бештару бештар мутахассисони варзида, ки дар ватан ҷойи кори сазовор намеёбанд, рӯй ба муҳоҷират меоранд:

“Агар мо чуқур ба ин масъала назар андозем, бисёр мутахассисони хуб мераванд. Мутахассисони хубе, ки барои онҳо дар ватан ҷойҳои сазовор нест, яъне “ақл”-ҳо мераванд. Вақте, ки “ақл”-ҳо мераванд, албатта ин таъсири манфӣ ба кишвар аст” – мегӯяд  Мирсаидов. 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.