Раҷаббой Аҳмадзода: 100% бо сармояи хориҷӣ бошад ҳам, дар Суғд корхонаи коркарди пахта созед

Дар рӯзи нахустини ярмаркаи VIII байналмиллалии савдо “Суғд-2022” дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури садҳо доираҳои соҳибкориву тиҷорӣ ва роҳбарони расмии чанд кишвари ҷаҳон форуми “Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо” ба кори худ оғоз кард. Дар ин форум беш аз 400 соҳибкорону тоҷирон аз минтақаҳои гуногуни Русия, Чин, Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ, вилоятҳои Тошканд, […]

Дар рӯзи нахустини ярмаркаи VIII байналмиллалии савдо “Суғд-2022” дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури садҳо доираҳои соҳибкориву тиҷорӣ ва роҳбарони расмии чанд кишвари ҷаҳон форуми “Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо” ба кори худ оғоз кард.

Дар ин форум беш аз 400 соҳибкорону тоҷирон аз минтақаҳои гуногуни Русия, Чин, Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ, вилоятҳои Тошканд, Фарғона, Самарқанд, Ҷиззах, Намангон, Хоразм, Сирдарёи Ӯзбекистон, Минску Могилёви кишвари Беларус ва Қазоқистон иштирок карданд. Ба ҷуз доираҳои соҳибкориву тиҷоратӣ дар кори форум намояндагони сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ, ҳокимони чанд вилояти Ӯзбекистон ва сафирони кишварҳои Озарбойҷон, Туркия, Белорус, Қазоқистон, Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ва дигарон иштирок карданд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ин форумро барои инкишофи истеҳсоли маҳсулот байни кишварҳо, афзудани шарикони нави савдо муҳим арзёбӣ кард. Ӯ изҳор дошт, ки вилояти Суғд дорои фазои хуби сармоягузорӣ буда, мавқеи хуби ҷуғрофӣ дорад. Вай ба захираҳои бойи сарватҳои табиӣ ва иқлими хуб барои кишоварзӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ ишора карда, зикр кард, ки дар ин самт тиҷорату сармоягузорӣ дар ҳоли рушд қарор дорад.

Дар вилояти Суғд зиёда аз 800 корхонаҳои хурду бузургӣ саноатӣ мавҷуд аст ва ин корхонаҳо беш аз 300 номгӯӣ маҳсулот истеҳсол мекунанд. Ба гуфтаи Раҷаббой Аҳмадзода нисфи маҷмӯи маҳсулоти ҷумҳурӣ дар минтақаи шимолии Тоҷикистон истеҳсол мешавад. Ӯ бештар ба рушду сармоягузорӣ ва боз кардани корхонаҳои коркарди пахта истода гузашт, ки барои сармоягузорӣ майдони хубест.

Ҳамасола дар Суғд беш аз 150 ҳазор тонна пахта истеҳсол мешавад, вале ба таъкиди Раҷаббой Аҳмадзода, танҳо 15-19%-ро коркарди дубора мекунанд ва пахтаи боқимондаро  асосан ҳамчун ашёи хом мефурӯшанд. Ӯ тавваҷҷӯҳи соҳибкорону тоҷирони хориҷиро ба боз кардани корхонаҳои коркарди пахта ҷалб карда гуфт, метавонанд 100% бо сармояи хориҷӣ низ чунин корхонаро дар Суғд созанд ва барои ин шароит фароҳам месозанд.

Зикр шуд, ки вилоят иқтидори хеле бузург дошта, қувваи корӣ ҳам кофист ва дар масъалаи неруи барқ низ мушкилӣ вуҷуд надошта, нисбат ба дигар кишварҳо дар Тоҷикистон он нисбатан арзонтар буда, ҳоло  барои ташкили корхонаҳои муштараки коркарди пахта тарҳи тиҷоратии тайёр таҳия шудааст, ки дар онҳо истеҳсол аз ришта то маҳсулоти ниҳоӣ пешбинӣ шудааст. 

"Ҳамасола бо маблағи то 100 млн доллар аз кишварҳои гуногун либоси бачагонаву мардона ва занона харидорӣ мекунем. Аз ин рӯ, пешниҳод мекунем, ки  бигузор сад дар сад бо сармояи хориҷӣ бошад ва ба ин қонун иҷозат медиҳад. Ба касони ҳавасманд пешниҳод мекунем, ки дар соҳаи саноати бофандагӣ сармоягузорӣ кунанд”, – гуфт, Раҷаббой Аҳмадзода.

Бахши дигари рушдёфта дар Суғд бахши кишоварзӣ мебошад, ки солона ҳудуди 2 млн тонна маҳсулоти гуногуни хӯрока ва ғайра дар ин бахш истеҳсол мешавад ва ба бозорҳои хориҷа низ содир мегардад. Ба гуфтаи раиси вилоят, ҳукумат таваҷҷӯҳи бештарро ба бозорҳои хориҷа карда, ҳоло минтақаи шимолии Тоҷикистон бо беш аз 60 кишвари дунё ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дорад. Ҳаҷми солонаи гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба 2,5 млрд доллари амрикоӣ баробар буда дода, асосан маъдану консентрат, масолеҳи сохтмон, нахи пахта, маҳсулоти кишоварзӣ содирот мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода, илова намуд, ки мехоҳанд ва дар нақша доранд ҳаҷми гардиши савдои хориҷии шимолии Тоҷикистонро зиёд намоянд. Ӯ гуфт, иқтидору имкониятҳои фаровони истифоданашуда мавҷуд аст ва ба боварии раиси вилояти Суғд, ин форум ба рушди тиҷорати байни кишварҳо, ҷалби сармоя ва амалишавии лоиҳаҳои нав мусоидат мекунад.  

Ярмаркаи VIII байналмиллалии савдо “Суғд-2022” санаҳои 17-18-уми июн дар Хуҷанд идома мекунад ва ба гуфтаи мақомот, имконият медиҳад, ки доираҳои тиҷоратии мизбону меҳмон иқтидор ва имкониятҳои худро муаррифӣ ва шарикони нави тиҷоратии худро пайдо кунанд. Барпо шудани ин чорабинии минтақавӣ як қадами муҳим дар роҳи рушд ва таҳкими муносибатҳои ҳамҷавори судманди тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангии байни кишварҳо арзёбӣ мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.