Дар Тоҷикистон ҳаво чанд рӯзи дигар низ салқин мешавад

Рӯзҳои 20-22 июни соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат дар назар аст ва раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзҳои 21-22 июн ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то 8-10 дараҷа паст мешавад. Имрӯз дар Душанбе обуҳавои […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 20-22 июни соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат дар назар аст ва раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест.

Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзҳои 21-22 июн ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то 8-10 дараҷа паст мешавад.

Имрӯз дар Душанбе обуҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар буда, борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат шабона 16-8 ва рӯзона 31-33 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзҳои 20-21 июн бо сабаби боришот дар маҳалҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии ҷумҳурӣ сар задани зуҳуроти сел аз эҳтимол дур набуда, дар дарёҳои ҷумҳурӣ баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ронандагон даъват мекунад, ки ҳангоми ҳаракат бо роҳҳо тариқи ағба ва роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор буда, аз аҳолӣ даъват мешавад, ки ҳангоми ба ҷамъоварии растаниҳои кӯҳӣ рафтан, шикору ҷамъоварии ҳезум ва моҳидорӣ ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.