Забоншиноси маъруф Ҳомид Маҷидов дар синни 85-солагӣ даргузашт

Ҳомид Маҷидов,  профессор ва забоншиноси маъруфи тоҷик шаби  20 июн дар синни 85 солагӣ даргузашт. Ҳомид Маҷидов 15 июни 1937 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) (1961), аспирантура (1967) ва докторантураи он (1983). Аз соли 1961 дар ҳамин донишгоҳ ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохтааст: Ассистент (1961-1964), муаллими калон (1967-1973), дотсент (1974-1995) ва […]

Asia-Plus

Ҳомид Маҷидов,  профессор ва забоншиноси маъруфи тоҷик шаби  20 июн дар синни 85 солагӣ даргузашт.

Ҳомид Маҷидов 15 июни 1937 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) (1961), аспирантура (1967) ва докторантураи он (1983). Аз соли 1961 дар ҳамин донишгоҳ ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохтааст: Ассистент (1961-1964), муаллими калон (1967-1973), дотсент (1974-1995) ва аз соли 1996 профессори кафедраи забони муосири тоҷик. Солҳои 1985-1988 ноиби ректори Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти рус (ҳоло Донишгоҳи забонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода) оид ба таълим буд. Солҳои 2002-2005 вазифаи мудири кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16 июн дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 85-солагии Маҷидзода як ҳамоиши байналмилалӣ баргузор шуда, марҳум  дар он ширкат ва суханронӣ карда буд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.