Селхезӣ дар се деҳаи ноҳияи Деваштич, хисоротро маълум мекунанд

Зӯҳри 20-уми июн бар асари борони пуршиддат дар се деҳаи ноҳияи Деваштич сел омада, роҳу кӯпрукҳоро вайрон кардааст. “Дар пайи боришоти шадиди борон дар деҳаҳои Басманда, Дархон, Метк сел фаромад. Ӯ гуфт, ҳоло маълум нест, ки селхезӣ ба мардум чӣ зараре расонидааст ва гурӯҳи корӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд”, – гуфт ба “Азия-Плюс” Олимхон […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Зӯҳри 20-уми июн бар асари борони пуршиддат дар се деҳаи ноҳияи Деваштич сел омада, роҳу кӯпрукҳоро вайрон кардааст.

“Дар пайи боришоти шадиди борон дар деҳаҳои Басманда, Дархон, Метк сел фаромад. Ӯ гуфт, ҳоло маълум нест, ки селхезӣ ба мардум чӣ зараре расонидааст ва гурӯҳи корӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд”, – гуфт ба “Азия-Плюс” Олимхон Сафолов, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияи Деваштич.

Аз рӯйи чанд навори видеоӣ, ки сокинони ноҳияи Деваштич дар гуруҳи Фейсбукии “Басманда” ҳамагӣ чанд дақиқа пештар гузоштанд маълум аст, ки селхезӣ бештар ба роҳҳо зиён расонидааст. 

Аз навор маълум аст, ки сел аз роҳҳои миёни маҳалҳо дар деҳаи Басманда фаромада, роҳҳоро аз лойқаву сангреза пур кардааст. Чанд тан аз сокинон низ маҷрои селхезӣ дар кӯчаи наздик ба хонаҳояшонро мекушоянд.

Дар ин деҳаҳои ноҳияи Деваштич мардум асосан ба картошкапарварӣ машғуланд ва майдони зиёди картошка низ мавҷуд аст. Маълум нест, ки селхезӣ ба ба кадом андоза ба манзили аҳолӣ ва боғҳои кишоварзӣ зиён расонидааст.

Баъзе аз манобеи “Азия-Плюс” мегӯянд, дар натиҷаи селхезӣ роҳи деҳаи Метк пурра хароб гардида, ҳоло сокинон тавассути роҳи деҳаи Росровут ҳаракат мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.