Вагонҳои нав, таблои иттилоотӣ… Қатораи Душанбе-Тошканд ба роҳ баромад

Мусофиронеро, ки аз Тошканд бо ин қатора ба Душанбе омада буданд, дар вокзали роҳи оҳани пойтахти Тоҷикистон бо гулдастаҳо пешвоз гирифтанд. Қатораи мусофирбар аз 10 вагон: 4 вагони купе, 5 платскарт ва вагон-тарабхона иборат аст. Дар вагонҳои купе мусофиронро туҳфаҳо аз КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” – меваҳои тару тоза, шириниҳо ва нӯшокиҳо интизор буд. Ҳамаи […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Мусофиронеро, ки аз Тошканд бо ин қатора ба Душанбе омада буданд, дар вокзали роҳи оҳани пойтахти Тоҷикистон бо гулдастаҳо пешвоз гирифтанд.

Қатораи мусофирбар аз 10 вагон: 4 вагони купе, 5 платскарт ва вагон-тарабхона иборат аст. Дар вагонҳои купе мусофиронро туҳфаҳо аз КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” – меваҳои тару тоза, шириниҳо ва нӯшокиҳо интизор буд. Ҳамаи лавозимот кӯрпаву рахти хоб дар қатора нав буд.

Вагонҳои нави автоматишуда истеҳсоли Украина мебошанд. Дар дохили вагон лавҳа (табло)-и иттилоотӣ дар бораи рӯз, ҷадвал, хатсайр, ҳарорати ҳаво дар дохили вагон насб шудааст. Дар як вагони купе то 54 мусофир сафар карда метавонанд.

То истгоҳи роҳи оҳани Кудуклӣ (120 километрии ғарби Душанбе) дар қаламрави Тоҷикистон қатора 6 маротиба таваққуф мекунад: Душанбе-2, Айнӣ, Ҳисор, Чептура, Регар, Пахтаобод. Дар ҳар кадоме аз ин истгоҳҳо қатора муддати 3 дақиқа ва танҳо дар истгоҳи Регар 40 дақиқа таваққуф мекунад.

Ёдрас мекунем, ки қатора аз Душанбе ҳафтае як маротиба рӯзҳои душанбе соати 18:30 ба сафар баромада, рӯзи дигар, сешанбе соати 13:43 ба Тошканд мерасад.

Аз Тошканд низ қатора ҳафтае як маротиба рӯзҳои сешанбе соати 16:15 ба роҳ баромада, рӯзи чоршанбе ба Душанбе мерасад.

Масофаи роҳ аз Тошканд то Душанбе тариқи роҳи оҳан 916 километрро ташкил медиҳад. Қатора муддати 21 соат дар роҳ хоҳад буд.

Арзиши билети қатора бо назардошти тахфиф вобаста ба муҳлати фурӯш аз 381.476 сӯм (ҳудуди 373 сомонӣ) оғоз мегардад.

Қобили зикр аст, ки ҳаракати қатораҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта қатъ шуда буд.

Тавофуқ дар бораи дубора роҳандозӣ намудани ҳаракати қатораҳои мусофирбар байни пойтахти кишварҳо зимни вохӯрии сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аввали моҳи июн дар шаҳри Тошканд ҳосил шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.