Дар куҷои Душанбе нуқтаҳои Wi-Fi-и бепул амал мекунанд ва чӣ гуна метавон ба онҳо пайваст шуд?

Дар як қатор боғу марказҳои хидматрасонии шаҳри Душанбе, инчунин автобусҳо метавон аз интернети бепул тариқи Wi-Fi истифода намуд. «Мегафон Тоҷикистон»: Минтақаи «MegaFon Green Wi-Fi» дар Душанбе дар боғҳои «Боғи Рӯдакӣ», «Куруши Кабир», «Кӯли ҷавонон», «Аҳмади Дониш», «Айнӣ», «Фирдавсӣ» кор мекунад. Ғайр аз ин, дар мавсими гармо дар “Кӯли Душанбе” – бузургтарин маҷмааи фароғатии обӣ Wi-Fi-минтақаи […]

Дар як қатор боғу марказҳои хидматрасонии шаҳри Душанбе, инчунин автобусҳо метавон аз интернети бепул тариқи Wi-Fi истифода намуд.

«Мегафон Тоҷикистон»:

Минтақаи «MegaFon Green Wi-Fi» дар Душанбе дар боғҳои «Боғи Рӯдакӣ», «Куруши Кабир», «Кӯли ҷавонон», «Аҳмади Дониш», «Айнӣ», «Фирдавсӣ» кор мекунад. Ғайр аз ин, дар мавсими гармо дар “Кӯли Душанбе” – бузургтарин маҷмааи фароғатии обӣ Wi-Fi-минтақаи муваққатӣ фаъол мешавад.

Ба ин боғҳо бо автобусҳои №№8, 3, 43, 2, 4 рафтан мумкин аст, ки дар онҳо ҳам Wi-Fi кор мекунад.

Варианти истифодаи «Green Wi-Fi»-ро худи муштарӣ интихоб мекунад. Ҳар 12 соат 10 дақиқа дастрасӣ ба шабака бепул аст. Агар ин кам бошад, метавон яке аз се бастаҳои пулакиро пайваст кард. Муҳлати амали онҳо – 10, 30 ё 60 дақиқа ва нархаш мутаносибан – 1, 2 ва 3 сомонӣ. Дар Wi-Fi-минтақаҳои МегаФон маҳдудият оид ба трафик пешбинӣ нашудааст.

Ба назар бояд гирифт, ки дастрасӣ ба Wi-Fi аз ширкат танҳо баъди анҷоми расмиёти ҳатмии сабти муаллифӣ имконпазир аст. Зимни пайваст шудан ба интернет қабули созишномаи корбарӣ, ворид кардани рақам ва коди бо SMS ирсолшуда лозим аст. Пас аз ин интихоби бастаи лозим зарур буда, ба назар гирифтан дарокр аст, ки дастрасии бепул аз тамошои реклама оғоз мегардад.

Ҳангоми харидани ду ва зиёда бастаҳо мӯҳлати амали онҳо ҷамъ карда мешавад.

Пардохти маблағ бо якчанд тарз имкопазир аст”: бо ёрии “Кошелёк” (Ҳамён) дар замимаи «МегаФон Life», корти бонкии “Корти милли” ё тариқи терминалҳои “Ҳумо”.         

«Вавилон-Т»

Ширкат дар боғҳои “Наврӯзгоҳ”, “Нишони давлатӣ”, “Парчами миллӣ” нуқтаҳои бепул пешниҳод мекунад. Ҳамчунин ширкат дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, маркази савдои “Ашан” ва бинои Иттифоқи нависандагон – “Путовский” чунин нуқтаҳо роҳандозӣ намудааст.

Дар ҳар кадоме аз нуқтаҳо ширкат суръати 100 мбит/с ба вақти бемаҳдудият пешниҳод мекунад. Дар нақлиёт Wi-Fi-и «Вавилон-Т» нест.

Барои дастрасӣ пайдо намудан ба нуқтаҳои ширкат дар дастгоҳе, ки Wi-Fi дар он кор мекунад, интихоби "Вавилон-Т" лозим аст. Ба ҷойи рамз (парол) рақами телефони худро ворид намудан лозим аст, ки ба он коди дастрасӣ меояд.    

Tcell

Tcell Wi-Fi-и худро дар боғҳои "Куруши Кабир", "Ҷавонон" ва "Умари Хайем" насб кардааст. Ҳамчунин ба нуқтаи дастрасӣ дар марказҳои хидматрасонии: Рӯдакӣ-9, Гулистон, Саховат, Садбарг, Донишгоҳи омӯзгорӣ (Пединститут), 9 км пайваст шудан имкон дорад. Чунин нуқтаҳои дастрасӣ дар автобусҳои  №№3, 8 ва 18 низ амал мекунанд.

Дар ин нуқтаҳо ҳар рӯз метавон дар муддати 20 дақиқа аз интернет истифода кард. Сипас муштариён метавонанд бастаҳои пулакӣ (то соати 23:59) харанд.

Дар минтақаи амали Wi-Fi-и Tcell шумо метавонед баста бо дастрасӣ ба интернетро барои вақти бароятон лозим фаъол намоед:   

– 10 дақиқа бо суръати то 4Мбит/сония – 1 сомонӣ;

– 30 дақиқа бо суръати то 3Мбит/сония – 2 сомонӣ;

– 1 соат бо суръати то 2Мбит/сония – 3 сомонӣ;

– 2 соат бо суръати то 2Мбит/сония – 5 сомонӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.