Нимаи дуюми моҳи август шумори аҳолии Тоҷикистон ба 10 млн нафар мерасад

То 1 апрели соли 2022 шумори аҳолии доимии ҷумҳурӣ 9 млн 934,4 ҳазор нафарро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, то 1 январи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 9 млн 890,9 ҳазор нафар баробар буд. Агар афзоиши шумори аҳолии ҷумҳурӣ бо ҳамин суръат идома ёбад, аллакай нимаи дуюми моҳи августи ҳамин сол […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

То 1 апрели соли 2022 шумори аҳолии доимии ҷумҳурӣ 9 млн 934,4 ҳазор нафарро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, то 1 январи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 9 млн 890,9 ҳазор нафар баробар буд.

Агар афзоиши шумори аҳолии ҷумҳурӣ бо ҳамин суръат идома ёбад, аллакай нимаи дуюми моҳи августи ҳамин сол шумори аҳолии Тоҷикистон ба 10 млн нафар мерасад.

Байни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон аз лиҳози афзоиши шумори аҳолӣ пешсаф аст. Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, давоми 30 сол шумори аҳолии кишвар 76,6% зиёд шудааст.

Ба чоргонаи кишварҳои “пешсаф” аз лиҳози афзоиши шумори аҳолӣ тавре ки интизорӣ мерафт, намояндагони Осиёи Марказӣ шомил шудаанд: Ӯзбекистон (+63,4%), Туркманистон (+59,2%) ва Қирғизистон (+47,7%).

Ҳамчунин дар Озарбойҷон (+40%) ва Қазоқистон (+14%), ки дар ин ҷойҳо аксаран мардуми осиёӣ зиндагӣ мекунанд, низ афзоиш ба қайд гирифта шудааст.

Сатҳи бештар пасти таваллуд дар кишварҳои Прибалтика сабт шудааст, ки давоми соҳибистиқлолӣ ба ин миқдор аҳолиашон кам шудааст: Латвия – 28,3%, Литва – 24,5%), Гурҷистон – 23,2%, Украина – 20%, Арманистон – 15,5%, Эстония -14,7%, Молдова – 12%, Беларус – 7,8% ва Русия – 2,9%.

Тибқи маълумоти Агентии омор, афзоиши шумори аҳолӣ дар 1 сол ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон тайи 10 соли ахир ҳудуди 2,4%-ро ташкил додааст. Аҳолии сайёра ба ҳисоби миёна дар маҷмӯъ 1,5% зиёд шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.