Раиси шаҳри Душанбе аз фаъолияти ширкати «Барқи тоҷик» дар зимистони соли гузашта қаноатманд нест

            Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни баргузории иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахти ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор дошт, ки ҳарчанд мақомоти раҳбарии ширкати «Барқи тоҷик» доимо таъкид месохтанд, ки дар давраи тирамоҳу зимистони соли гузашта пойтахти кишварро пурра бо барқ таъмин хоҳанд кард, вале ӯ аз натиҷаи фаъолияти онҳо […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз зимни баргузории иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахти ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор дошт, ки ҳарчанд мақомоти раҳбарии ширкати «Барқи тоҷик» доимо таъкид месохтанд, ки дар давраи тирамоҳу зимистони соли гузашта пойтахти кишварро пурра бо барқ таъмин хоҳанд кард, вале ӯ аз натиҷаи фаъолияти онҳо қаноатманд нест.





           

М.Убайдуллоев зикр кард, ки ҳудуди 70 дарсади арзу шикояти сокинони шаҳр дар давраи тирамоҳу зимистон маҳз ба таъминот бо барқ марбут аст.




           

Дар навбати худ муовини раиси шаҳри Душанбе Абдусаттор Сулаймонов гуфт, дар муқоиса бо мавсими тирамоҳу зимистони соли гузашта, ҳаҷми таъминот бо барқ дар пойтахт ба андозаи 44 дарсад коҳиш ёфтааст.




           

Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади коҳиши ҳаҷми талафоти барқ ба мақомоти дахлдор ҷиҳати суръат бахшидани корҳои

 

насби ҳисобкунакҳои электронии барқ дар манозили сокинон супоришоти мушаххас дод.



Тибқи маълумоти сохтори марбутаи мақомоти шаҳрдорӣ, айни замон дар корхонаву муассисот ва манозили зисти сокинони пойтахт 16 ҳазор ҳисобкунакҳои эдектронии барқ насб гардида, то ахири сол расонидани шумори он то 165 ҳазор ба нақша гирифта шудааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.