Дар Душанбе 193,5 ҳазор бех дарахт ва 13 млн адад гул шинонида мешавад

Ояндаи наздик Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар шаҳри Душанбе мавриди амал қарор дода мешавад. Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ба миқдори 193 ҳазору 499 бех ниҳоли дарахтон шинонида мешавад. Гуфта мешавад, аз […]

Asia-Plus

Ояндаи наздик Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар шаҳри Душанбе мавриди амал қарор дода мешавад.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ба миқдори 193 ҳазору 499 бех ниҳоли дарахтон шинонида мешавад.

Гуфта мешавад, аз ҷумла қариб 55 ҳазораш дарахти сояафкан, ҳудуди 62 ҳазор бех дарахти ороишӣ, зиёда аз 13 ҳазор бех дарахти буттагӣ ва қариб 64 ҳазор бех дарахти мевадиҳанда шинонида хоҳад шуд.

Ин тадбирҳо бар асоси қарори марбутаи раиси шаҳри Душанбе аз 6 июни соли 2022 амалӣ мешаванд.

Дар доираи чорабиниҳои қарори мазкур бо мақсади таъмини сарсабзию хуррамгардонӣ ва ободу зебо нигоҳ доштани гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ дар мавсими тирамоу баҳор зиёда аз 13 млн адад гул шинонида мешавад, ки аз гулҳои мавсимӣ, бисёрсола ва гули лола иборатанд.

Мувофиқи ин қарор, корҳои шинонидан ва нигоҳубини дарахтону гулҳо ба дӯши кормандони ташкилоту корхона ва муассисаҳо, инчунин дигар субъектҳои фаъолияти хоҷагидории шаҳри Душанбе сарфи назар аз шакли моликият ва тобеъияти маъмурӣ вогузор мегардад.

Аз ҷараёни иҷрои чорабиниҳои қарор раисони ноҳияҳои шаҳр ва раҳбарияти сохторҳои дахлдор ба раиси шаҳр ҳисобот медиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.