Сокинони Тоҷикистонро минбаъд аз қатъи интиқоли барқ тибқи нақша огоҳ мекунанд

Истифодабарандагони неруи барқ дар Тоҷикистон минбаъд пешакӣ аз қатъ шудаи интиқоли барқ тибқи нақша огоҳ карда мешаванд, хабар медиҳад ширкати “Шабакаҳои тақсимоти барқ”. Дар хабар мушаххасан гуфта намешавад, ки бо кадом тарз истифодабарандагон огоҳ карда мешаванд. Дар пойтахт корхонаи “Обу корез” чунин таҷриба дорад ва ҳангоми қатъи интиқоли об ба ин ё он маҳаллаву микрорайонҳои […]

Истифодабарандагони неруи барқ дар Тоҷикистон минбаъд пешакӣ аз қатъ шудаи интиқоли барқ тибқи нақша огоҳ карда мешаванд, хабар медиҳад ширкати “Шабакаҳои тақсимоти барқ”.

Дар хабар мушаххасан гуфта намешавад, ки бо кадом тарз истифодабарандагон огоҳ карда мешаванд.

Дар пойтахт корхонаи “Обу корез” чунин таҷриба дорад ва ҳангоми қатъи интиқоли об ба ин ё он маҳаллаву микрорайонҳои Душанбе чунин огоҳӣ дар сомонаву саҳифаҳои иҷтимоии корхона ва шаҳрдорӣ нашр мешавад.

Баъзан (бисиёртар дар соли 2019) Шабакаҳои барқи Душанбе низ аз қатъи интиқоли барқ дар ин ё он мавзеи пойтахт хабар медод, лекин баъдан ин таҷриба хотима ёфт.

Акнун истифодабарандони барқ чӣ гуна дар бораи қатъи интиқоли он огоҳӣ мегиранд, ҳоло маълум нест.

Қобили зикр аст, ки пас аз ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии нав дар Душанбе ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегатҳои аввалини неругоҳи Роғун, ба назар чунин менамуд, ки мафҳуми “лимити барқ” дар гузашта боқӣ мемонад. Аммо бо фарорасии фасли тирамоҳ сокинони деҳот аз қатъи зуд-зуд ва тӯлонии барқ ​​шикоят мекунанд.

Дар ширкати “Барқи тоҷик” чунин қатъкуниҳои интиқоли барқро корҳои таъмиру навсозӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо маънидод мекунанд, то ки дар фасли зимистон мушкилот пайдо нашавад. Ҷорӣ кардани ҳама гуна маҳдудиятҳоро дар ширкати “Барқи тоҷик” инкор намуда, зикр мекарданд, ки зерсохторро ба тартиб даровардан зарур аст.

ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” (дар баробари ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”) дар заминаи ширкати “Барқи тоҷик” таъсис дода шуд. Айни замон ин ду ширкат мустақилона кор мекунанд.

ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ҷиҳати беҳбуди хидматрасонӣ ба истифодабарандагон, дар ҳолату хуби техникӣ ва коршоям нигоҳ доштани иншооти электроэнергетикӣ, коҳиши талафоти барқ, афзоиши ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ ва дар ин асос роҳ надодан ба зиёдшавии қарзҳои ҷорӣ тадбирҳои муассир роҳандозӣ мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.