Ҳалокати ду нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар ду рӯзи охир

Бар асари ду садамаи нақлиётӣ дар кишвар ду нафар ба ҳалокат расида, 3 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВКД. Ба иттилои манбаъ садамаи якум 8 августи соли ҷорӣ, дар роҳи автомобилгарди “Восеъ-Ховалинг”, дар ҳудуди деҳаи Пушёни миёнаи ноҳияи Восеъ рух додааст. Гуфта мешавад, ки ронандаи автомашинаи […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Бар асари ду садамаи нақлиётӣ дар кишвар ду нафар ба ҳалокат расида, 3 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВКД.

Ба иттилои манбаъ садамаи якум 8 августи соли ҷорӣ, дар роҳи автомобилгарди “Восеъ-Ховалинг”, дар ҳудуди деҳаи Пушёни миёнаи ноҳияи Восеъ рух додааст.

Гуфта мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Алихон Назаров, сокини ноҳияи Балҷувон, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа намудааст, ки дар натиҷа, ронанда ҳалок шуда, мусофири он ҷароҳат бардоштааст.

Садамаи дуюм, рӯзи 9 август, дар дар километри 300-уми шоҳроҳи «Душанбе-Чаноқ» рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Прадо», Сиёвуш Ҳасанзода, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Рӯзимаҳмад Абдуллоев, сокини ноҳияи Мастчоҳ бархӯрда, аз роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота Раф-4», таҳти идораи Маҳмадраҷаб Розиқов, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бархӯрдааст”. – менависад манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Тойота Прадо», Бунафша Ҳабибуллоева, сокини Душанбе дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ронандаи автомашинаи мазкур С. Ҳасанзода ва мусофираш Манижа Ҳасанзодаи 12-сола дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.