Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин

Имрӯз, 23 август Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Владимир Путин президенти Русия суҳбати телефонӣ анҷом дод. Ба иттилои дафтари матбуотии президенти кишвар дар ҷараёни суҳбати дӯстона сарони ду давлат дар идомаи муколамаи мунтазами худ ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Русия, ҳамчунин дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро дар чорчуби шарикии стратегӣ баррасӣ намуданд. Гуфта […]

Алимшоҳ Мехрзода, Asia-Plus

Имрӯз, 23 август Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Владимир Путин президенти Русия суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Ба иттилои дафтари матбуотии президенти кишвар дар ҷараёни суҳбати дӯстона сарони ду давлат дар идомаи муколамаи мунтазами худ ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Русия, ҳамчунин дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро дар чорчуби шарикии стратегӣ баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад,ки ҷонибҳо дар робита ба масоили муҳими байналмилалӣ ва масъалаҳои алоҳидаи ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла таъмини амнияти минтақавӣ бо таваҷҷуҳ ба вазъи Афғонистон табодули афкор анҷом доданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ҳамзамон ҷадвали корӣ ва масъалаҳои рӯзномаи чорабиниҳои бисёрҷонибаи дарпешистодаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Сарони кишварҳо барои идомаи тамосҳо оид ба масъалаҳои мазкур ба мувофиқа расида, зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишварро таъкид карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.