Толибон* аз ҷомеаи ҷаҳон кӯмак хостанд

Селе, ки шаби шанбе, 20 август дар вилояти Лугар боиси марги 20 нафар ва бесарпаноҳ гаштани беш аз 3 ҳазор оила гардид, Толибонро* маҷбур сохт, ки аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак талаб намоянд. Мавлавӣ Шарафуддин Муслим, муовини сарпарасти вазорати расидагӣ ба ҳаводис, ки ба вулусволии Хушии вилояти Лугар рафтааст, кӯмакҳои анҷомшударо барои осебдидагон басанда надониста, аз Созмони […]

Селе, ки шаби шанбе, 20 август дар вилояти Лугар боиси марги 20 нафар ва бесарпаноҳ гаштани беш аз 3 ҳазор оила гардид, Толибонро* маҷбур сохт, ки аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак талаб намоянд.

Мавлавӣ Шарафуддин Муслим, муовини сарпарасти вазорати расидагӣ ба ҳаводис, ки ба вулусволии Хушии вилояти Лугар рафтааст, кӯмакҳои анҷомшударо барои осебдидагон басанда надониста, аз Созмони Милали Муттаҳид хостааст, ки ба осебдидагон кӯмак кунад, хабар медиҳад “Tolonews”.

Ин масъули Толибон* гуфтааст «мардум ҷо ба ҷо шуда ва маводи хӯрока барояшон оварда шудааст, вале ин кифоя намекунад”.

Ба гуфтаи манбаъ, осебдидагон аз мушкилоти зиёд, аз ҷумла раванди кӯмакрасонии ниҳодҳои ёрирасон, об, хӯрок ва дору шикоят кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳикматуллоҳ Сангрӣ, фармондеҳи пулиси вулусволии Хушӣ, гуфтааст: “Ба ҷаҳон садо мекунем, ки ба бошандагони вулсволии Хушӣ сарпаноҳ созанд, ҳамкорӣ кунанд ва ба мушкилашон расидагӣ намоянд”.

Ёдовар мешавем, ки селҳои шаби шанбе, 20 август дар вулусволии Хушии вилояти Лугар омада, 20 нафарро қурбон карда, се ҳазор оиларо бехона сохт. Гуфта мешавад, ҳоло бисёре аз сокинони ин вилоят  дар фазои бозу зери чодарҳо ва теъдоде дар масҷидҳо ва мактабҳо зиндагӣ мекунанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Толибон дар ҳоле аз ҷомеаи ҷаҳон кӯмак хостанд, ки ҳеҷ як аз давлатҳои ҷаҳон ҳукумати сарпарасти ташкилнамудаи онҳоро ба расмият намешиносанд ва бо онҳо расман ҳамкорӣ намекунанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.