Дар Душанбе “Ҳунарманди сол”-ро интихоб мекунанд

Дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи 26 август озмуни шаҳрии “Ҳунарманди сол” баргузор мешавад, ки дар доираи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 созмон дода мешавад. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ин бора қарори дахлдор ба имзо расонид. Дар доираи озмун ҳунармандони тоҷик барои дарёфти унвони беҳтарин ҳунарманд дар бахшҳои дуредгарӣ, дӯзандагӣ, наққошӣ, кулолгарӣ, […]

Инна Алишина, Asia-Plus

Дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи 26 август озмуни шаҳрии “Ҳунарманди сол” баргузор мешавад, ки дар доираи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 созмон дода мешавад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ин бора қарори дахлдор ба имзо расонид.

Дар доираи озмун ҳунармандони тоҷик барои дарёфти унвони беҳтарин ҳунарманд дар бахшҳои дуредгарӣ, дӯзандагӣ, наққошӣ, кулолгарӣ, нассоҷӣ ва коркарди металл рақобат мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” мудири шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи раиси пойтахт Нурмаҳмад Маҳмадуллозода.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 7 ҳазор ҳунармандон аз имтиёзот оид ба пардохти андоз истифода мебаранд.

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ имкон дод, ки маснуоти дастӣ дар намоишгоҳҳои Британияи Кабир, Малайзия, ИМА, Фаронса, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Юнон, Олмон, Испания, Белгия, Туркия, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон муаррифӣ карда шаванд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки рӯзҳои истироҳати ҳамин ҳафта дар меҳмонхонаи Серена дар Душанбе ярмаркаи анъанавии ҳунармандон доир мегардад, ки дар он ҳунармандони самтҳои гуногун аз ҳамаи минтақаҳои кишвар маҳсули корашонро ба маърази тамошо мегузоранд. Даромадан барои тамошои намоишгоҳ озодона буда, он соати 10:00 оғоз мегардад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.