Кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон имсол 66% зиёд шуд

Давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ба Тоҷикистон аз 56 кишвари саросари дунё ба маблағи ҳудуди 83 млн доллар кумаки башардӯстона ворид шуд, хабар медиҳад Агенти омори ҷумҳурӣ бо истинод ба Хадамоти гумрук. Аз рӯи арзиши кумак ҳиссаи аз ҳама бештар ба ИМА (39,6% аз арзиши умумӣ) ва Чин (28,7%) рост омада, ҳиссаи Ҷопон (4,9%), Ҳиндустон […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ба Тоҷикистон аз 56 кишвари саросари дунё ба маблағи ҳудуди 83 млн доллар кумаки башардӯстона ворид шуд, хабар медиҳад Агенти омори ҷумҳурӣ бо истинод ба Хадамоти гумрук.

Аз рӯи арзиши кумак ҳиссаи аз ҳама бештар ба ИМА (39,6% аз арзиши умумӣ) ва Чин (28,7%) рост омада, ҳиссаи Ҷопон (4,9%), Ҳиндустон (6%), Шветсия (2,7%), Русия (3,7%) ва Ӯзбекистон (1,9%) низ нисбатан зиёд аст.

Арзиши кумаки дар зарфи 7 моҳи имсол воридшуда аз нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 33 млн доллар зиёдтар буда, шумори кишварҳои мададрасон 4 адад афзудааст.

Давоми моҳҳои январ-июли соли 2021 ба Тоҷикистон аз 52 кишвари дунё ба маблағи ҳудуди 50 млн доллар кумаки башардӯстона расида буд. Он замон ҳиссаи нисбатан зиёдтар ба Чин (27,9%), Русия (12%),  Ҳиндустон (8,6%), Қазоқистон (6,3%), ИМА (6%), Туркия (5,9%), Ӯзбекистон (5,6%), Ҷопон (5,8%) рост омада буд.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон байни 30 давлати камбизоати ҷаҳон қарор дорад, ки барои ин кишварҳо аз давлатҳои нисбатан рушдёфта кумак пешбинӣ мешавад.

Байни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон ягона давлате боқӣ мемонад, ки тибқи таснифи Бонки ҷаҳонӣ аз рӯи сатҳи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба  ҳар сари аҳолӣ дар сафи кишварҳои сатҳи даромадашон паст қарор дорад.

Дар ин кишварҳо Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ – камтар аз 1026 доллар аст. Дар соли 2021 ММД-и Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ 886 долларро ташкил дод.

Тибқи маълумоти Агентии омор, аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ ба 98,9 млрд сомонӣ (ҳудуди 8,8 млрд доллар) баробар шуда, то 1 январи соли 2022 шумори аҳолии доимии кишвар ба 9 млн 934,4 ҳазор нафар расид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.