Тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Ориф Алвӣ

29 август Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Ориф Алвӣ, Президенти Покистон вобаста ба ҳалокати одамони зиёд бар асари офатҳои табиӣ, барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд. Дар барқия аз ҷумла гуфта мешавад, ки “хабари фавти шумораи зиёди одамон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бар асари обхезиҳои харобиовари ахир боиси андӯҳи бепоёни мо гардид”. Дар робита ба ин, […]

29 август Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Ориф Алвӣ, Президенти Покистон вобаста ба ҳалокати одамони зиёд бар асари офатҳои табиӣ, барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

Дар барқия аз ҷумла гуфта мешавад, ки “хабари фавти шумораи зиёди одамон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бар асари обхезиҳои харобиовари ахир боиси андӯҳи бепоёни мо гардид”.

Дар робита ба ин, Эмомалӣ Раҳмон ба Ориф Алвӣ, аҳли хонавода, ҳамаи пайвандону наздикони фавтидагон ва мардуми дӯсти Покистон таъзияи амиқ ва тасаллиятҳои сидқии худро иброз намудааст.

Дар охир, Президенти Тоҷикистон аз даргоҳи Худованд барои ҷонбохтагон раҳмату мағфират ва ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хостааст.

Ёдовар мешавем, ки дар Покистон, аз моҳи июни имсол то 28-уми август дар натиҷаи омадани селу обхезиҳо 1061 кас ҷон бохтанд.

Ҳамчунин, дар пайи офатҳои табиӣ беш аз 33 миллион нафари дигар бе ҷо шуда, тақрибан як миллион хона вайрон гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.