Квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Русия зиёд мешавад

“Шумори квотаҳое, ки ба донишҷӯён аз Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар макотиби олии Русия имкон медиҳад, соли хониши оянда зиёд карда мешавад”, – изҳор дошт президенти Русия Владимир Путин дар маросими ифтитоҳи 5 мактаби нави таҳсилашон бо забони русӣ дар Тоҷикистон, ки тариқи алоқаи видеоӣ баргузор шуд. “Ҳамасола ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон дода мешавад, ки аз […]

Asia-Plus

“Шумори квотаҳое, ки ба донишҷӯён аз Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар макотиби олии Русия имкон медиҳад, соли хониши оянда зиёд карда мешавад”, – изҳор дошт президенти Русия Владимир Путин дар маросими ифтитоҳи 5 мактаби нави таҳсилашон бо забони русӣ дар Тоҷикистон, ки тариқи алоқаи видеоӣ баргузор шуд.

“Ҳамасола ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон дода мешавад, ки аз ҳисоби буҷети Русия дар мактабҳои олии Русия таҳсил кунанд. Барои ин пулро дареғ доштан нашояд. Ин кишвар ва мардуми моро ба ҳам наздик мекунад, барои Тоҷикистон кадр омода менамояд. Ин шахсоне, ки дар Русия маълумот мегиранд, минбаъд кӯшиш мекунанд, ки ба муддати тӯлонӣ ҳамкориҳои моро таҳким бахшанд. Соли хонши 2022-2023 шумори квотаҳо 100 адад зиёд шуда, ба 750 адад расид ва соли оянда боз афзуда мешавад”, – гуфт Путин.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон хабар медиҳад, шумори квотаҳо то 1 ҳазор ҷой зиёд карда мешавад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ин маросим зикр кард, ки дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии ду кишвар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи Русия, аз қабили Донишгоҳи давлатии Москва, Донишкадаи энергетикии Москва ва Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии «МИСиС» бомуваффақият фаъолият доранд.

“Дар маҷмӯъ, бо дарназардошти донишҷӯёни Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон ва филиалҳои зикршудаи донишгоҳҳои Русия, шумораи ҷавонони тоҷик, ки бо таҳсил бо забони русӣ фаро гирифта шудаанд, беш аз сӣ ҳазор  нафарро ташкил медиҳад. Имрӯз дар беш аз 700 донишгоҳи Русия ҳудуди 25 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамояд. Хатмкунандагони донишгоҳҳои Русия ҷавобгӯи ниёзмандиҳои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ буда, аз ҳисоби онҳо иқтидори кадрии бахшҳои хизмати давлатӣ, дипломатия, илму педагогика ва фарҳангу санъати тоҷик пайваста пурра мегардад”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдрас мекунем, ки Русия аз ҳама бештар ба донишҷӯён аз Тоҷикистон барои таҳсили бепул дар макотиби олии Русия ҷойҳои буҷетӣ ҷудо мекунад.

750 квота дар соли хониши 2022/2023 (соли пешин – 630 ҷой) яке аз бисёртарин квотаҳо дар ҷаҳон аст.

Моҳи январ роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Иван Иванов зикр карда буд, ки довталабон аз Тоҷикистон мехоҳанд бештар дар кластери тиббӣ таҳсил кунанд. Дар ин ҷо озмун ба ординатура 28 нафар барои 1 ҷой аст. Барои дохил шудан ба дигар ихтисосҳо низ хоҳишмандон зиёданд.

Довталабони тоҷик ба сифати ҷойи таҳсил натанҳо шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург ва Қазон, балки макотиби дигари олии Русияро аз Калининград то Якутск ва Шарқи Дур интихоб мекунанд. Ҳар яке мақсадҳои худро дорад, аз робитаҳои хешутаборӣ то касби мушаххас дар ин ё он мактаби олии минтақа.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.