Толибон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостори кӯмак ба мардуми селзадаи Афғонистон шуданд

Амирхон Муттақӣ, вазири умури дохилаи Толибон рӯзи панҷшанбе дар як конфронс дар Кобул аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостори кӯмак ба мардуми селзадаи Афғонистон шуд. Ба иттилои Ariana News, ин конфронсро вазорати дохилаи Толибон дар робита ба ҷамъоварии маблағ барои осебдидагони обхезӣ дар Афғонистон баргузор кардааст ва дар он кумакрасонҳо (донорҳо) аз ниҳодҳои Созмони милал ва дигар […]

Амирхон Муттақӣ, вазири умури дохилаи Толибон рӯзи панҷшанбе дар як конфронс дар Кобул аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостори кӯмак ба мардуми селзадаи Афғонистон шуд.

Ба иттилои Ariana News, ин конфронсро вазорати дохилаи Толибон дар робита ба ҷамъоварии маблағ барои осебдидагони обхезӣ дар Афғонистон баргузор кардааст ва дар он кумакрасонҳо (донорҳо) аз ниҳодҳои Созмони милал ва дигар созмонҳои байнулмилалии муқими ин кишвар ширкат кардаанд.

Амирхон Муттақӣ гуфтааст, ки бар асари обхезиҳои ахир дар Афғонистон ҳудуди 200 нафар ҳалок, 300 нафари дигар захмӣ, 12 000 хона тахриб ё осеб дида, беш аз 9 000 сар чорво талаф ёфтааст ва ҳазорон замини кишоварзӣ тахриб шудааст.

Вазири Толибон афзудааст, ки дар ҷараёни амалиёти кумакрасонӣ беш аз 20 ҳазор нафар аз обхезӣ наҷот дода шуда, ба онҳо паноҳгоҳҳои муваққатӣ дода шудаанд.

"Бо кумаки созмонҳои мададрасон мо ба беш аз 100 000 нафар аз осебдидагон дар саросари кишвар маводи ғизоӣ ва ғайриғизоӣ додем", – ёдовар шудааст Муттақӣ.

«Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байнулмилалии башардӯстона даъват кардем, ки ба осебдидагони заминларза ва обхезӣ кумак кунанд. Имрӯз афғонҳо аз ҳарвақт бештар ба кумаки шумо ниёз доранд", – умедворӣ кардааст Муттақӣ.

Вазири дохилаи Толибон гуфтааст, ки онҳо дар танҳоӣ ин бори гаронро бардошта наметавонанд ва аз ин лиҳоз умедворанд, ки тамоми созмонҳои башардӯстона ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин замони душвор ба онҳо кумак хоҳанд кард.

"Мо захираҳои худро барои ҳалли мушкилот истифода мебарем, аммо захираҳои мо барои ҳамаи онҳое, ки аз офатҳои табиии ахир зарар дидаанд, маҳдуд ва нокифоя мебошанд. Аз тамоми созмонҳои башардӯстона, шарикон ва тоҷирони кумакрасон даъват мекунем, ки ба осебдидагони заминларза ва обхезӣ ёрӣ расонанд ва мо омодаем дар раванди шаффоф расонидани кумакҳо ба мардуми осебдида ҳамкорӣ кунем”, – илова намудааст ӯ.

Муттақӣ бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, дороиҳои басташудаи Афғонистон (ҳудуди 7 миллиард доллар) раҳо карда шуда, ҳама таҳримҳо лағв ва имконот барои тиҷорат фароҳам шавад.

“Талаб ва дархости мо ин аст, ки ҳуқуқи афғонҳо дар ҷаҳон риоя карда шавад. Мисли дигар миллатҳо бояд барои афғонҳо масирҳои иртибототи байнулмиллалӣ, долонҳои заминӣ ва ҳавоӣ боз шавад, то мо бо кишварҳои дигар ҳамкорӣ кунем”, гуфтааст Муттақӣ.

Ба иттилои манбаъ дар ҳамин ҳол, Ромиз Алакбаров, муовини намояндаи вижаи СММ ва ҳамоҳангсози кумакҳои башардӯстона, аз номи намояндагии СММ дар Афғонистон гуфтааст, беш аз 1 миллиард доллар пули нақд барои амалиёти башардӯстона дар Афғонистон равона шудааст, ки имкон медиҳад кумакҳои нақдии мустақим сокинони ин кишвар расонида шавад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.