Саҳми Иттиҳоди Аврупо дар рақамикунии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон

Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ба Вазорати кишоварзӣ барои тарҳрезии низом ва баланд бардоштани малакаи роҳбарони шӯъбаҳо ва мутахассисони пешбар кӯмак мерасонад. Дар чаҳорчӯби ин иқдом як давраи омӯзишии чаҳоррӯза барои роҳбарони сатҳи баланд баргузор шуд. Омӯзиш ба пешниҳоди абзорҳо ва асосҳои идоракунии равандҳои тиҷорат нигаронида шуда, ба намояндагони роҳбарияти Вазорат […]

Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ба Вазорати кишоварзӣ барои тарҳрезии низом ва баланд бардоштани малакаи роҳбарони шӯъбаҳо ва мутахассисони пешбар кӯмак мерасонад.

Дар чаҳорчӯби ин иқдом як давраи омӯзишии чаҳоррӯза барои роҳбарони сатҳи баланд баргузор шуд. Омӯзиш ба пешниҳоди абзорҳо ва асосҳои идоракунии равандҳои тиҷорат нигаронида шуда, ба намояндагони роҳбарияти Вазорат имкон дод, ки бо усулҳои муосири идоракунии ба раванд нигаронидашуда шинос шаванд.

Ин ба мудирони шуъбаҳо кӯмак мерасонад, ки ба маҳсулнокии баланд ва натиҷаҳои воқеӣ ва назаррас ноил гарданд.

Илова ба мавзӯъҳои дар боло зикршуда, роҳбарони шӯъбаҳои Вазорати кишоварзӣ малакаҳои муайян ва ба расмият даровардани равандҳои фаъолияти вазоратро ҷиҳати таҳлили минбаъда ва рушди системаҳои иттилоотӣ ба даст оварданд.

Лоиҳа кӯмаки ҳаматарафа ба Вазорати кишоварзиро идома дода, таҳкими иқтидори онро барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва устувории аҳолии деҳот дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон дастгирӣ менамояд.

Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот/ “Дастгирии рушди иқтисодии деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ (TRIGGER)”-и GIZ, ки муштаракан аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) маблағгузорӣ мешавад, баҳри афзоиши арзиши изофаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон равона шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.