Дар вилояти Хатлон нуқтаи будубоши муваққатии паноҳандагони эҳтимолӣ барои истифода омода шуд

Дар ноҳияи Ҷалолуддин Балхии вилояти Хатлон рӯзи 1 сентябр маросими супурдани нуқтаи будубоши муваққатии паноҳандагони эҳтимолие, ки аз офатҳои табиӣ осеб дида метавонанд, баргузор шуд. Нуқта дар қаламрави  яке аз воҳидҳои КҲФ дар ҳамин ноҳияҷойгир аст. Тавре ки маркази матбуоти Куитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин урдугоҳ дар доираи ҳамкориҳои КҲФ бо шарикони байналмилалӣ […]

Дар ноҳияи Ҷалолуддин Балхии вилояти Хатлон рӯзи 1 сентябр маросими супурдани нуқтаи будубоши муваққатии паноҳандагони эҳтимолие, ки аз офатҳои табиӣ осеб дида метавонанд, баргузор шуд. Нуқта дар қаламрави  яке аз воҳидҳои КҲФ дар ҳамин ноҳияҷойгир аст.

Тавре ки маркази матбуоти Куитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин урдугоҳ дар доираи ҳамкориҳои КҲФ бо шарикони байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ сохта шудааст.

Роҳбари Кумита Рустам Назарзода ба шарикони байналмилалӣ барои дастгирӣ изҳори сипос намуда, зикр кард, ки тамоми талошҳои ҳукумати кишвар барои расонидани кӯмаки фаврӣ ба аҳолии ниёзманд равона карда шудааст.

Дар навбати худ намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ изҳор доштанд, ки дар оянда низ барои таҳкими зарфиятҳои Кумита дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Паноҳгоҳ барои наздики 100 оилае пешбинӣ шудааст, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ аз ҷову макони худ маҳрум шудаанд. Он алҳол бо хаймаҳо, зарфҳо барои ошхона, зарфҳои барои об, батареяҳои офтобӣ, васоили хоб, оби нӯшокӣ, қувваи барқ, душ ва ҳоҷатхонаву дигар воситаҳои барои рӯзгузаронӣ зарур таъмин мебошад.

Дар маросими ба истифода омода кардани он Сарвари Намояндагии Комиссариёии олии СММ дар умури паноҳандагон дар Тоҷикистон ҷаноби Мулугета Зевди, ҷонишини Сарвари Хазинаи Кӯдакони СММ дар Тоҷикистон хонум Зайнаб-ал-Зави, иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон, Сарвари Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ дар ҶТ ҷаноби Адҳам Мусаллам ва дигарон иштирок доштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.