Ҷоизаи филми Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар ҷашнвораи байналмилалии Байконур

Филми мустанади “Аз ҳад калон” («Слишком большой»)-и Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, дар ҷашнвораи филмҳои кӯтоҳи Байконур, ки 7 – 11 сентбяр дар Қазоқистон баргузор шуд, беҳтарин мустанад эълон гардид. Дар ин бора дар сомонаи расмии ҷашнвора хабар дода шудааст. Мустанади  Абдуллоҳ Ғурбатӣ ягона филм аз Тоҷикистон буд, ки дар баробари 17 филми намояндагони дигар кишварҳо, […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Филми мустанади “Аз ҳад калон” («Слишком большой»)-и Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, дар ҷашнвораи филмҳои кӯтоҳи Байконур, ки 7 – 11 сентбяр дар Қазоқистон баргузор шуд, беҳтарин мустанад эълон гардид. Дар ин бора дар сомонаи расмии ҷашнвора хабар дода шудааст.

Мустанади  Абдуллоҳ Ғурбатӣ ягона филм аз Тоҷикистон буд, ки дар баробари 17 филми намояндагони дигар кишварҳо, дар ин ҷашнвора намоиш дода шуда, дар бахши филмҳои байналмилалӣ “Беҳтарин филми мустанад” дониста шуд.

Филми "Аз ҳад калон" аз сарнавишти кӯдаке бо номи Абдураҳмон қисса мекунад, ки ҳамагӣ  13 сол дошта, бо сабаби тангдастӣ аз дарсу илмомӯзи дур мондааст ва дар бозор аробакашӣ карда, бори зиндагӣ пеш мебарад. Ин наврас мехоҳад мисли дигар ҳамсолонаш дар мактаб таҳсил кунад, аммо фақр ва шароити душвори оилавӣ ба ӯ ин имкониятро намедиҳад.

Ин филмро тақрибан чор моҳ пеш дар Ӯзбекистон низ, дар доираи як ҷашнвора намоиш дода буданд ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳамчун муаллиф ба таври онлайнӣ дар намоиш иштирок ва филмро муаррифӣ карда буд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогери боздоштшудаи тоҷик ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд. Дар оғоз мақомот ӯро барои итоат накардан ба корманди пулис боздошт карданд, вале баъдан Абдуллоҳ ба аъзогии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.