Тоҷикистон бо кишварҳои СҲШ чӣ гуна молу маҳсулот савдо мекунад ва маблағаш чӣ қадар аст

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар зарфи 7 моҳи соли равон наздики 2,9 млрд долларро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори Тоҷикистон. Гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистон бо 7 кишвари ин Созмон қариб 70% аз ҳаҷми умумии савдои берунаи Тоҷикистонро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар […]

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар зарфи 7 моҳи соли равон наздики 2,9 млрд долларро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори Тоҷикистон.

Гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистон бо 7 кишвари ин Созмон қариб 70% аз ҳаҷми умумии савдои берунаи Тоҷикистонро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин давра Тоҷикистон бо 101 кишвари саросари дунё муносибатҳои додугирифти молу маҳсулот анҷом додааст.

Бино ба маълумоти оморӣ, муомилоти молӣ бо Русия давоми моҳҳои январ-июли соли равон 908 млн доллар, Қазоқистон – 782 млн, Чин – 766 млн, Ӯзбекистон – 315 млн, Ҳиндустон – 76 млн, Покистон -16 млн ва Қирғизистон – 8,6 млн долларро ташкил медиҳад.

Тавозуни савдо бо шарикон аз СҲШ манфӣ аст: зиёда аз 75% ба воридоти молу маҳсулот аз ин кишварҳо рост омадааст.

Кишварҳои узви Созмон маҳсулоти бештар муҳимро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд: ҳудуди 90%-и маҳсулоти нафтӣ аз Русия, зиёда аз 90%-и гази моеъ аз Қазоқистон оварда шуда, инчунин беш аз 95%-и гандуму орди воридотӣ ба ҷумҳурии мо низ аз Қазоқистон харида мешавад.

Кишварҳои узви СҲШ инчунин аз лиҳози сармоягузориҳои андӯхта дар иқтисоди Тоҷикистон бартарият доранд.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, давоми солҳои 2007-2021 вуруди сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон зиёда аз 11 млрд долларро ташкил дод.

Сармоягузориҳо танҳо аз Чин (3,3 млрд доллар), Русия (1,6 млрд доллар) ва Қазоқистон (586 млн доллар) ба 50% аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои хориҷии дар ин давра ҷалбшуда баробар аст (чунин маълумот дар бораи дигар кишварҳои узви СҲШ дастрас нест).

Ёдрас мекунем, ки рӯзи панҷшанбе, 15 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон нишасти дурӯзаи СҲШ доир мегардад, ки дар он бори нахуст тайи се соли ахир сарони кишварҳои он рӯ ба рӯ бо ҳам гуфтугӯ мекунанд. Ҳамаи сарони кишварҳои Созмон иштироки худро дар нишаст тасдиқ карданд.

Айни замон давлатҳои зерин узви СҲШ мебошанд: Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон. Кишварҳои нозир – Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон, кишварҳои шарик – Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка.

Дар нишасти шаҳри Самарқанд ба узвияти Созмон пазируфта шудани Эрон дар назар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.