Тирпаронии навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Субҳи имрӯз, тақрибан соати 07:15 дар мавзеи наздисарҳадии “Кех”-и ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз ҷониби сарҳадбонони пости сарҳадии «Булакбошӣ»-и отряди сарҳадии Боткони Қирғизистон ба отряди сарҳадбонони тоҷик ҳамла сурат гирифт. Дар ин бора маркази матбуоти Қӯшунҳои cарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад Дар иттилоияи Қӯшунҳои cарҳадии КДАМ гуфта мешавад, ки “14 сентябри соли 2022, тахминан, соати […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Субҳи имрӯз, тақрибан соати 07:15 дар мавзеи наздисарҳадии “Кех”-и ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз ҷониби сарҳадбонони пости сарҳадии «Булакбошӣ»-и отряди сарҳадии Боткони Қирғизистон ба отряди сарҳадбонони тоҷик ҳамла сурат гирифт. Дар ин бора маркази матбуоти Қӯшунҳои cарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Дар иттилоияи Қӯшунҳои cарҳадии КДАМ гуфта мешавад, ки “14 сентябри соли 2022, тахминан, соати 07-15 дақиқа, аз ҷониби сарҳадбонони пости сарҳадии «Булакбошӣ»-и отряди сарҳадии Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии «Кех»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла парронда шуд ва мавқеи сарҳадбонони тоҷик бо истифода аз силоҳҳои ПК, АК ва дигар аслиҳаи оташфишон мавриди ҳамла қарор гирифт”.

“Ғайр аз ин, аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбӣ ба минтақаи мазкур интиқол дода шуданд”, – зикр мегардад дар иттилоия.

Ҳамчунин, дар ин иттилоияи таъкид мешавад, ки “аз тарафи сарҳадбонони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оташи ҷавобӣ кушода шуда, айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шудааст”.

Дар ҳамин ҳол, шаҳрдории Исфара мегӯяд, тирпаронӣ то соати 09:00- и имрӯз идома дошт ва аз ҷониби Тоҷикистон талафоти ҷонӣ ва захм бардоштани низомиён ё аҳолии осоишта ба қайд гирифта нашудааст.

“Вазъият дар ин минтақа таҳти назорати сарҳадбонони тоҷик қарор дорад”, – гуфта мешавад дар хабари шаҳрдории Исфара.

Чанд сокини маҳаллӣ низ бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки  то ҳол овози тирпарониро мешунаванд ва нерӯҳои зиёде аз маркази Исфара ба ҷамоати деҳоти Ворух меоянд.

“Саҳари барвақт ба мо хабар доданд, ки дар сарҳад эҳтиёт бошед. Ҳоло неруҳои зиёде аз самти Исфара ба ҷмоати деҳоти Ворух меоянд”, – гуфт яке аз сокинони маҳаллӣ.

Дар ҳамин ҳол, сомонаи қирғизии “24kg” бо такя ба Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистонн хабар медиҳад, ки  ҳодиса дар мавзеи Булоқ-Боши вилояти Бодканд рух дода, сарҳадбонони тоҷик аввал оташ кушоданд.

“Дар посух марзбонони Қирғизистон низ аз силоҳ истифода кардаанд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Манбаъ гуфтааст, ки аз ҷониби Қирғизистон қурбониён ва захмиён набуданд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки музокироти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо Абдикарим Алимбоев, намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистондар вилояти Бодканд барои ҳалли низоъ дар марз идома дорад.

Қобили зикр аст, ки дар авохири моҳи апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳарду ҷониб 55 нафар кушта, ҳудуди 300 нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, даҳҳо манзил ва иншооти дигар тахриб шуд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.