Тирпарронӣ дар марз. 1 марзбони тоҷик кушта ва 5 нафар захмӣ шуданд

Дар натиҷаи тирпарронии имрӯза, дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, 1 марзбони тоҷик кушта, 5 нафари дигар бо ҷароҳати гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд. Дар ин бора аз беморхонаи ҷомоати деҳоти Ворух ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол дар бораи талафоти ин тирпарронӣ иттилоъ намедиҳанд. Расонаҳои қирғизӣ менависанд, ки айни ҳол вазъ дар марз […]

Дар натиҷаи тирпарронии имрӯза, дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, 1 марзбони тоҷик кушта, 5 нафари дигар бо ҷароҳати гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд. Дар ин бора аз беморхонаи ҷомоати деҳоти Ворух ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол дар бораи талафоти ин тирпарронӣ иттилоъ намедиҳанд.

Расонаҳои қирғизӣ менависанд, ки айни ҳол вазъ дар марз муташанниҷ буда, аз ҷониби марзбонони Қирғизистон касе осеб надидааст.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, тақрибан соати 07:15 дар мавзеи наздисарҳадии “Кех”-и ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз ҷониби сарҳадбонони Қирғизистон ба сарҳадбонони тоҷик ҳамла сурат гирифт.

Ҳоло музокироти ҷонибҳо ҷараён дорад.

Хабар такмил мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.