Ҳалокати ду ронанда бар асари садамаи нақлиётӣ дар Шаҳристон

Бар асари садамаи нақлиётии ду мошини боркаш дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, ҳарду ронанда ба ҳалокат расида, як мусофири дигар ҷароҳат бардоштааст. Дар ин бора дафтари матбуотии ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад. "Ронандаи автомашинаи боркаши сокини шаҳри Бохтар, Абдуғанӣ Абдураҳимови 36-сола, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши сокин шаҳри […]

Бар асари садамаи нақлиётии ду мошини боркаш дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, ҳарду ронанда ба ҳалокат расида, як мусофири дигар ҷароҳат бардоштааст.

Дар ин бора дафтари матбуотии ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Ронандаи автомашинаи боркаши сокини шаҳри Бохтар, Абдуғанӣ Абдураҳимови 36-сола, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши сокин шаҳри Панҷакент Ёқубҷони Абдумаҷиди 25-сола бархӯрдааст", – иттилоъ медиҳад манбаъ.

Дар натиҷа ҳарду ронанда ба ҳалокат расида, мусофири мошини дуюм Алишер Қурбонови 28-сола бо ҷароҳат дар беморхона бистарӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.